Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи шоҳмотбозони ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок намуда, дар миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа ғолибони мусобиқаи мазкур бо Диплом ва медалҳои таъсис намудани Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.