Гуногунии биологӣ яке аз сарватҳои бузурги сайёраи мо мебошад. Он аз замонҳои Аристотел омўхта мешавад. Кунҷковии ботинии ҳаёт ва зарурати ташкили тартибот файласуфонро водор сохт, ки шаклҳои гуногуни ҳаётро омўзанд ва системаҳои тасодуфии таснифотро ба роҳ монанд. Аввалин шахсе, ки истилоҳи гуногунии биологиро дар адабиётҳои илмӣ истифода бурдааст, Э.Оилсон соли 1988 мебошад.
Бо вуҷуди ин, мафҳуми гуногунии биологӣ аз асри 19 инҷониб ба таври дақиқ инкишоф ёфта, то имрўз васеъ истифода мешавад. Муҳофизати гуногунии биологӣ вазифаест, ки инсон бояд онро ҳамчун вазифаи худ қабул кунад, ки аз бисёр ҷиҳат бознигарии тарзи амалисозии фаъолияти гуногуни иқтисодиро дар бар мегирад.
Омилҳое, ки ба коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ мусоидат мекунанд, пеш аз ҳама, кам кардани майдонҳои ҷангал. Ғайр аз ин, зиёда аз нисфи намудҳои организмҳои зинда дар ҷангал мавҷуданд, ки онҳо танҳо 6% сатҳи заминро ишғол мекунанд. Онҳоро фонди генетикӣ меноманд, ки дар тўли 100 миллион соли эволютсия дар Замин ҷамъ оварда шудааст. Алҳол ба 10962 намуди растаниву ҳайвонот хатари нестшавӣ таҳдид мекунад. Чизи аз ҳама арзишманд ва муҳим дар рўи замин гуногунии биологӣ мебошад.
Новобаста аз он ки мо инро медонем ё не, тамоми ҳаёти мо аз сарвати биологии замин вобаста аст, зеро ҳайвонот ва наботот онро ба мо медиҳанд. Бо шарофати растаниҳо мо миқдори кофии оксигенро ба даст меорем ва маводҳо дар асоси онҳо ба мо на танҳо хўрок, балки чўб, коғаз, матоъҳо низ медиҳанд. Олимони муосир зиёда аз 2 миллион намуди организмҳои зиндаро тавсиф ва омўхтаанд, ки вобаста ба шароит зиндагӣ ва рушд мекунанд. Ин ба таври табиӣ рух медиҳад.
Организмҳои зинда тамоми сайёраро пур кардаанд. Онҳо дар об, ҳаво, хушкӣ зиндагӣ мекунанд. Яъне ҳаёти инсон бидуни гуногунии биологӣ ғайриимкон аст. Бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ «Конвенсия СММ оид ба гуногунии биологӣ» қабул карда шуд, ки онро 190 кишвар имзо карданд, ва ҳукуматҳояшон ўҳдадоранд онро дар кишварҳои худ ҳифз кунанд, ваъда доданд, ки якҷоя бо дигар давлатҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ амал намоянд.
Бо ин мақсад ҳар сол дар ҷаҳон рўзи 22 май, рўзи байналмилалии гуногунии биологӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки мо инсонҳо вабастагии тамом ба табиат дорем ва ин вобастагӣ ба худи мо алоқаманд аст. Агар ба табиат таъсири мусбат расонем дар ҷавоб аз он чунин муносибатро мебинем ва агар таъсири манфӣ расонем ҷавоби чандинкаратаи манфиро интизор бояд шавем. Дар маҷмўъ, метавон гуфт, ки мавҷудияти гуногунии биологӣ омили муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, зиндагӣ бо онҳо зебост.
Рамазони МАҲИМБЕК,
донишҷўи курси чоруми факултети химия ва биология
Возможно, это изображение (1 человек, дерево и на открытом воздухе)