ТАҚДИМИ 2 АДАД ТАҶҲИЗОТИ НАВОРБАРДОРӢ ДАР КАФЕДАРИ РӮЗНОМАНИГОРӢ
Имрӯз аз ҷониби Гулистон Табарова, корманди Бахши рушди ВАО-и Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҳадятулло Азимзода, корманди шуъбаи волоияти қонуни Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба студияи хурди назди кафедраи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 2 адад таҷҳизоти наворбардорӣ бо штатив тақдим гардид.
Дар маросими қабули таҷизот Икром Фатҳуллоев, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Кибриё Мирзозода, сардори Раёсати робитаҳои байналмилалӣ, Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва ҳамчун шахси ташаббускори чунин иқдом Дилором Маҳкамова, омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ иштирок доштанд.
Пас аз қабули техника зери роҳбарии Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим меҳмонон аз студияи хурди назди кафедраи рӯзноманигорӣ дидан карданд. Зимни боздид намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таъкид намуданд, ки бо фаро расидани имконият барои боз ҳам бо таҷҳизот таъмин кардани студия омодаанд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ