Бузургтарин ёдгории ҷаҳонии давраи Юнону Бохтар ин Тахти Сангин мебошад, ки дар деҳаи Тешиктоши ноҳияи Қубодиён ҷойгир шудааст. Тахти Сангин дар асрҳои IV- то мелод ва III- мелодӣ арзи ҳастӣ кардааст.
Ин маъбад дар резишгоҳи чаҳор дарё – дарёҳои Вахш, Панҷ, Кофарниҳон ва инчунин аз як дарёе, ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷорӣ мешавад ва онро рўди Кўҳандиз (Қундуз) меноманд, сохта шудааст ва барои он ин қасрро «Тахти Сангин» ном мебаранд, Ҳамаи дару деворҳо, роҳраву сутунҳои бузург ва тагсутунҳояш аз санг сохта шудааст.
Дар муассисаи давлатии Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» гўшае ҳаст, ки макети «Тахти Сангин» ва тагсутунҳояш ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки аз сохт ва фарҳанги қадима доштани ноҳияи Қубодиёни бостонӣ дарак медиҳад. Яке аз сабабҳое, ки таваҷҷуҳи таърихнигоронро ба ин маҳал ҷалб карда буд- ин дарёфти «Хазинаи Амударё» буд.
Дар нимаи дуюми асри XIX бозаргонони бухороӣ маснуоти фаровон- маҳсули ҳунармандони қубодиёниро ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурўш бурданд, ки пасон аз ҷониби англисҳо харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карда шуд.
Ҳоло хазина ва ганҷинаи «Амударё» дар осорхонаи шаҳри Лондони Британияи Кабир маҳфуз буда, ҳатто ангуштарин, дастпона ва аробачархи тиллогини Кайқубодшоҳ дар он ҷо маҳфуз буда, ба маърази тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ гузошта шудааст.
УМАРЗОДА Аҳмадшо,
донишҷўи курси 2-юми факултети забони англисӣ
Возможно, это изображение (на открытом воздухе)