Интернет дар айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Рушди ҳеҷ як система, ҷомеа, ташкилот ва ҳатто давлатро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Таи чандин солҳост, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун сокинони ин марзу буми аҷдодӣ дар қатори аҳолии дигар давлатҳои узви ягонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дастрасӣ ба интернетро доранд. Бояд гуфт, ки Интернет чун насли нисбатан ҷадиди воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногун дар худ ҳамто надорад. Зеро шабакаи мазкур, на танҳо ривоҷбахшандаи ақлу заковати башарист, балки бар замми ин дар самти падидории намунаи қолабҳои муайяни зоҳирсозии рафтори иҷтимоӣ ва муносиботи байниҳамӣ саҳмгузор аст.
Ҷиҳати боз ҳам мусбати интернет дар он аст, ки шабака бо пешбарикунандаи ҳама навъи маданият, аз ҷумла маданияти ҳуқуқӣ буданаш фарогири таҷрибаи бойю рангин дар ин самт мебошад, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботи қонунгузориҳо сайқал ва вусъати тоза бахшад. Ҳамчунин ин шабакаи оламшумул дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба кулли истифодабарандагонаш имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои чӣ рўзмара ва чӣ илмӣ дар он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ аз тариқи чат ва ҳамоишҳо ба дилхоҳ суолҳои изтиробовари хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти сиёсӣ посухҳои то ҷое амиқу фаврӣ гирифта бошанд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмии баъзе сарчашмаҳои оморӣ тахмин меравад, ки айни ҳол дар мамлакат шумораи умумии истифодабарандагони Интернет назар ба чанд соли пеш ба маротиб афзуда, беш аз 30%-и аҳолиро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда мутаносибан на кам аз 3 млн. нафар мебошад. Вале аз ин миқдор, ҳарчанд ки фисади нисбатан камашро афроди наврас ташкил кунанд ҳам, бо вуҷуди ин эшон низ аз корбасти шабакаи ҷаҳонӣ дар канор нестанд. Зимнан, яке аз камбудиҳои тори умумиҷаҳонии анкабут ин, мавҷудияти сомонаҳои шиносоӣ бо ашхоси бегона маҳсуб мешавад.
Маҳз ҳамин гуна сомонаҳо ҳаст, ки наврасон бо ворид шудан ба онҳо ва ё дар доираи чатҳо метавонанд бо гурўҳҳо ва ё афроди ифротгарои сиёсӣ ё намояндагони дигар гурўҳҳои равияи зидди иҷтимоидошта шиносоӣ кунанду оқибат ба доми фиреби онҳо гирифтор шаванд. Илова бар ин, ба сифати таъсироти манфии интернет боз дар чаҳорчўби он вуҷуд доранд сомонаҳое, ки ғайр аз табоҳкунандаи солимии равониву ҷисмонии кас буданашон, инчунин вайронкунандаи ахлоқи ҷомеа ва барангезандаи ҷинояти бештар дар он мебошанд.
Агар мушаххасан назар андозем мебинем, ки «тибқи нишондоди оморӣ аз 109 нафари бачаҳои аз 8 то 15 сола мувоҷҷеҳи маводи порнографӣ дар шабака мешаванду наздики 17% пайваста аз захираи мамнўъ дидан мекунанд, тахминан 5,5% бошанд омодаанд, ки чизҳои дидаашонро дар амал татбиқ намоянд». Ташвишовараш он аст, ки дар интернет сомонаҳои тарғибгари аъмоли номатлуб, аз қабили: асардуздӣ, қалобӣ, дуздӣ, фосиқӣ, экстремизму худкушӣ, майнўшиву нашъакашӣ ва дигар иттилооти дурўғу ғайришаръӣ мавҷуданд, ки дар ҳолати беназорат гузоштани наврас дар фазои шабака метавонанд ба зеҳни ҳанўз дар «ҳукми гул» қарор доштааш таъсири басо харобиовару ҷуброннопазир расонанд. Албатта дар шароити вуҷуд надоштани имконоти техникӣ, пешгирӣ кардани таъсири манфии ҳама он иттилооте, ки ҳар сония вориди интернет мешаванд, муҳол аст.
Бинобар ин, мавриди зикри хоса аст, ки басо олӣ мебуд, агар Интернетпровайдерҳои Тоҷикистон дар пайравӣ аз ширкатҳои ҳамтои худ дар Федератсияи Русия пешниҳоди хизматрасониро дар шакли «Интернети бачагона», ки ҳама иттилооташ пешакӣ санҷидашудаву лоиқи истифодаи кўдакон аст, дар қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ мемонданд. Аммо то замони пайдоиши чунин шакли хизматрасониҳо падару модаронро зарур аст, ки худро дар ин ҷода нотавон ҳис накарда, ба фарзандон тарзи дурусти истифодаву безарар бардошт карданро аз захираҳои шабакаи ҷаҳонӣ омўзонида бошанд. Ҳамзамон волидонро зарур аст, ки аз он маводе, ки фарзандон ба воситаи интернет ба даст меоранд, ҳамвора воқиф бошанд. Агар маводи бадастовардаи фарзанд бар зарари худи ў бошад, яъне боис ба халалдорсозии раванди иҷтимоишавиаш гардад, пас бо гапи солеҳ эшонро аз ин варта халос намудан лозим аст. Чаро бо гапи хуб?
Чунки акси ҳол амал кардан ва ё дуруштмуомилагӣ зоҳир намудан дар ин ҳангом метавонад дар бештари ҳолатҳо ба ҷойи натиҷаҳои дилҳоҳро ба бор овардан дар ин самт, баръакс шавқу ҳаваси наврасро ҷиҳати боздид аз захираи барояш мамнўи интернетӣ барангехта, талоши бештари ўро барои даст ёфтан ба ин гуна манобеъ аснои ҳатто лаҳзае дур мондан аз назорат афзояд. Боз ҳам бисёр хуб мешуд, дар ҳоли пайваста ривоҷёбии дастовардҳои техникии иттилоърасон, агар падару модар, албатта дар доираи имкон барои маҳдуд сохтани баъзе сомонаҳои ғайриахлоқии интернетӣ (ва ҳамзамон шабакаҳои телевизионӣ) бештар аз усулҳои филтрӣ истифода намоянд.
Саломатшоҳ АМИНҶОНОВ,
ассистенти коллеҷи омўзгории назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (текст)