Дирӯз бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни истиқоматдоштаи хобгоҳи донишгоҳ “Викторинаи саволу ҷавоб”- ро бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва ҳавасманд намудани донишҷӯён ба илмомӯзӣ баргузор карда шуд.
Дар викторинаи мазкур зиёда аз 70 нафар донишҷӯён бо завқу ҳаваси беандоза иштирок намуда, савияи дониши худро санҷиданд.
Комиссияи тадорукот саволномаҳоро санҷиш намуда, ғолибони виктаринаро чунин муайян намуданд:
  • Тоҷинисо Абдулхолиқова, донишҷӯи курси чоруми факултети филологияи тоҷик, сазовори ҷойи якум;
  • Шаҳноза Каримова, донишҷуи курси сеюми Факултети таърих ва ҳуқуқ, ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, сазовори ҷойи дуюм;
  • Парвинаи Мисайнӣ, донишҷӯи курси чоруми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва Рамазоншоҳи Садриддин, донишҷӯи факултети таърих ва ҳуқуқ, сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.
Дар ҷамъбасти викторина Хурсанд Ҳамдамзода, муовини ректор оид ба таълим, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба табия, Маҳмадкарим Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ва Эмомалӣ Набизода, раиси Созмони кор бо ҷавонони донишгоҳ иштирок иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тибқи пешниҳоди Комиссияи тадорукот ғолибонро Раёсати донишгоҳ ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ бо Сипоснома, мукофотҳои пулӣ ва китобҳои бадеӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдони намуданд.