Якчанд мисолу масъалаҳоро оиди Квадрат ва куби адад меоварем. Ашхосе, ки ба фанни математика ва ҳалли масъалаҳо шавқ доранд, метавонанд ҷавоби мисол ва ё масъаларо дар шарҳ бо нишон додани рақами мисол нависанд. Ашхосе, ки аввалин шуда ҷавоби дурусти мисолеро меёбанд, дар зери мисол ҷавоби дуруст ва номи он шахсро менависем.
Мисол ва масъалахои математика оиди Квадрат ва куби адад
Ададро ба квадрат бардоред:
а) 12; б) 18; в) 20; г) 25; д) 36; е) 100.
Ададро ба куб бардоред:
а) 2; б) 4; в) 10; г) 14; д) 15; е) 24.
Ҳосили зарбро дар шакли квадрат ё куб нависед:
а) x•x; б) y•y; в) x•x•x; г) y•y•y; д) x•y•y•x.
Ҳисоб кунед: а) 2•32; б) 3•22; в) 2232; г) 2•33; д) 3•23; е) 23•33; ё) 22+32; ж) 2•32+3•43.
Адади якум 10 буда, адади дуюм аз адади якум 10 маротиба ва адади сеюм аз адади дуюм 10 маротиба калонанд. Ин се ададро нависед.
Ба ҷойи (х) кадом ададро гузорем, то баробарии дуруст ҳосил гардад:
а) 2x=8; б) 2x=32; в) 3x=9; г) 3x=3?
Адади якум аз адади дуюм 4 маротиба ва адади дуюм аз адади сеюм 4 маротиба калон аст. Адади якум аз адади сеюм чанд маротиба калон аст? Адади сеюм аз адади якум чанд маротиба хурд аст?
Квадрати адад бо кадом рақам тамом мешавад: а) 34; б) 47; в) 125; г) 10999? 531. Куби адад бо кадом рақам тамом мешавад: а) 25; б) 36; в) 43; г) 156?
Кадом адад дар назар аст, агар маълум бошад, ки: а) адади номаълумро аввал 3 маротиба ва баъд 6 маротиба зиёд намуда, адади 216 ҳосил карданд? б) адади номаълумро аввал 7 маротиба зиёд ва баъд 4 маротиба хурд намуда, адади 84 ҳосил намуданд?
Муодиларо ҳал кунед: а) 3•(2x – 😎 – (5x+2)=0; б) 5•(7-3x)+7•(2+2x)=0
Нет описания фото.