Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ мутаассифона, Тоҷикистон ба гирдоби сиёсати нодуруст афтода, ба мавҷи низоъ ва бесарусомонӣ рў ба рў шуд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва бетаҷрибагии давлатдории мустақил ба парокандагии миллат боис гашт. Ҳазорон нафар сокинони кишвар ба мамолики дуру наздик муҳоҷир гаштанд. Хатари аз байн рафтани миллат ва ба қисм ҷудо шудани он низ эҳсос мегардид.
Хушбахтона, офтоб ба рўйи миллати тоҷик тулўъ намуд ва дар Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ваколати Сардо¬ри давлат дода шуд, ки аз минбари сиёсӣ аввалин суханашро ба мардум чунин гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Новобаста аз надоштани таҷрибаи давлатдорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, ки ба дарки баланди миллӣ, номуси ватандорӣ, дар такя ба халқи азизаш роҳи минбаъдаи давлатро муайян созад. Бо ҳамин мақсад фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авф, баргардонидани гурезагон, таъмини ҳуқуқи инсон оғоз намуда, дар муддати кўтоҳ назми ҷомеаро барқарор сохт. Ин марди сиёсатмадо¬ру ҷасур, поквиҷдону далер аз рўзи ба сари давлат ома-дан, ҷомаи нангу номус ба бар намуда, тамоми нерўи ҷисмонию ақлонии хешро дар роҳи истиқрори сулҳ ра¬вона кард.
Ҳар як иқдом, нақша ва ё лоиҳа тарроҳ ё муаллифи худро дорад ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон муаллифи лоиҳаи сулҳи тоҷикон аст. Марду-ми Тоҷикистон ўро барҳақ Асосгузо¬ри сулҳу ваҳдати миллӣ эътироф карда, Пешвои худ ме¬хонанд. Ҷойгоҳ, усули корбарӣ ва барномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эъмори давлатдории муосири тоҷикон, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон, таҳким ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, берун овардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ин абармардро ба яке аз шахсиятҳои бузурги таърихӣ табдил додааст.
Имрўз Тоҷикистони соҳибистиқлолу озодро агар ба як қасри муҳташаму зебо шабеҳ кунем, пеши назарамон созандаи аввалини ин қасри боҳашамат меояд, ки он маҳз Пешвои муаззами миллат мебошад. Бозор Собир аз мушоҳидаи ҷоннисориҳо, бунёдкориҳо, қаҳрамониҳои Пешвои миллат ба ваҷд омада, мисраъҳои зерро аз таҳти дил навиштааст:
Номи туро нависем, эй Қаҳрамони ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи Қасри миллат!
Мавҷуда ИСМОНҚУЛОВА,
Омўзгори факултети забони англисии ДДБ
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и стоит)