Дирӯз дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Гулбаҳор Бобоева, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Технологияи ташаккули салоҳияти иттилоотии донишҷӯёни макотиби олӣ зимни таълими силсилаи фанҳои педагогӣ дар шароити татбиқи низоми кредитии таҳсилот» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Қудратулло Абдураҳимзода ҳимоя намуд.

Мақсади таҳқиқот: баррасии принсипҳо, вижагиҳо ва воситаҳои ташаккули салоҳияти иттилоотӣ дар раванди таълими фанҳои силсилаи педагогӣ дар шароити технологияҳои кредитии таҳсилот.
Предмети таҳқиқот: вижагиҳои мундариҷа ва технологияи ташаккули салоҳияти иттилоотӣ дар донишҷӯёни макотиби олӣ ҳангоми таълими силсилаи фанҳои педагогӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот.
Рисолаи мазкур се марҳиларо дар бар мегирад – марҳалаи якум (солҳои 2012-2014), марҳалаи дуюм (солҳои 2015-2016) ва марҳалаи сеюм (солҳои 2017-2020).
Возможно, это изображение (1 человек и стоит)
Saidjon Narzuloev и ещё 108
Комментарии: 292
Нравится

Комментировать