Ба гурўҳҳои терористию экстремистӣ асосан, шахсоне шомиланд, ки саводи кофӣ надоранду мақсади асосиашон аз байн бурдани давлатҳои соҳибистиқлол ва ба ҷои онҳо бунёд кардани «хилофати ягонаи исломӣ» мебошад.
Ба ақидаи онҳо бояд шахс мустақил набошад, балки ба «Халифа» итоат намояд ва ҳарчи хилофат хост, онро иҷро намояд. Ин созмонҳои даҳшатангези ифротгароӣ ба ном «Давлати исломӣ» харитаи сиёсии хилофати исломии худро тартиб дода, онро тавассути сомонаҳо паҳн намудааст ва дар он дида мешавад, ки давлати мо низ ҳамчун як ноҳияи тобеи хилофат пешбинӣ шудааст. Ин гурўҳҳо ҷавононро ба роҳи фиреб шомили гурўҳи худ сохта, ба ин васила артиши худро пурқуват мегардонанд.
Пас, хулосаи худро бароред, он гурўҳе, ки имрўз шуморо бо ваъдаҳои дурўғ даъват менамояд, оё ба шумо раҳм мекунад. Шахсе, ки меҳрубонтарину қадрдонтарин кас-модарашро бо бераҳмӣ қатл кард, хуни чандин кўдакону модарони бегуноҳро рехт чаро туро накушад. Аз ҳама аҷиб он аст, ки ҳар коре, ки онҳо анҷом медиҳанд дар зери ниқоби «ислом «аст, оё дар ислом қатл, азобу шиканҷа, шиор аст?
Ҳама чиз аён аст, мо бояд фирефтаи чунин созмонҳои бадкору даҳшатнок нагардем, аз як гиребон сар бароварда ватани азизи худро аз чунин душманони бераҳму бефаҳм ҳифз намоем.
Абдулло ШАРИПОВ,
донишҷўи курси дуюми факултети филологияи тоҷик
Возможно, это изображение (1 человек и текст «STOP EXTREMISM»)