Амиршо Қурбонов яке аз устодони комёбшудаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад, ки дар соли 2021 рилосаи доктории худро аз рӯйи илмҳои техникӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои химия гаштааст.

7 июни соли 2021 ӯ рисолаи докториашро дар мавзӯи “Асосҳои технологии коркарди маъданҳои боросиликатӣ бо методҳои кислотагӣ ва гудохтан” аз рӯи ихтисоси 05.17.01 –Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Рӯзи 29 ноябри соли 2021 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи доктории Амиршо тасдиқ шуда, ӯ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои химия гашт.
Амиршо Қурбонов муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 2 монография, 3 ихтироот (нахустпатент) ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад.
Возможно, это изображение (1 человек)