ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО

Модар шахсияти тамаддунсоз ва тарбиятгари насли башар аст. Ҳангоми калимаи модарро ба забон меорем, дилҳо пур аз ҳикмат ва саршори меҳру муҳаббати он мегардад. Таҳти калимаи модар маъниҳои бисёре нуҳуфта аст. Аз ҳамин сабаб устод Мирзо Турсунзода ба монанди дигар шоирон дар васфу ситоиши бузургии зан-модар шеърҳои зиёде эҷод кардааст. Ӯ занонро бо камоли назокат…

Муфассал

ЯК РӮЗ БО ИСТИҚОМАТКУНАНДАГОНИ ХОНАИ ПИРОНСОЛОН

Бо иқдоми Рухсора Азиззода, бақайдгирандаи хобгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав як гурӯҳ истиқоматкунанагон зери роҳбарии раиси ҷавонони хобгоҳи Лозар Лозаров, ки донишҷӯи курси дуюм факултети иқтисодӣ мебошад иқдом гирифтанд, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонон ба хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар рафта аз ҳолу аҳволи онҳо огаҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин, дар он рӯз бо кумаки як…

Муфассал

ҶАВОНОН – ЭҶОДКОРИ ТАҚДИРИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН

Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва…

Муфассал

Натиҷаи даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

  ИШТИРОКИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ АЗ РУЙИ НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ: 1.Юсуфова Сафиямоҳ, хонандаи синфи 4; 2.Ёрова Рухшона, хонандаи синфи 4; 2.Ҳамроқулова Меҳзуна, хонандаи синфи 4; 3.Сафарова Гулфар, хонандаи синфи 1; 3.Марҷонаи Умедҷон, хонандаи синфи 6. ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН АЗ РУЙИ НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ВА ОСОРИ ШИФОҲӢ: 1.Миракзода Миралӣ, курси 2,…

Муфассал

Т А Б Р И К О Т И РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ПРОФЕССОР ДАВЛАТЗОДА САЙФИДДИН БА ИФТИХОРИ «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

  Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд! Боиси ифтихор ва сарфарозии мост, ки бо таваҷҷуҳ ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар айёми зебоии баҳори сабзгун ва табиати дилрабо иди Ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун нишони ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба насли ояндасози ҷомеа таҷлил карда мешавад. Насли ҷавони мамлакат худро…

Муфассал

ТААССУРОТ АЗ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН

  Ҷавонон нерӯи созандаву бунёдкор ба шумор рафта, рушду густариши тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва онядаи дурахшони миллату давлат аз донишу ҷаҳонбинӣ, тарбияи дуруст, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва масъулияту ташаббусҳои онҳо вобастагии амиқ дорад. Ҳамин аст, ки дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба…

Муфассал

НЕРУИ ПЕШБАРАНДАИ ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТ

  Дар зери осмони Тоҷикистони софу беғубор сулҳу амонӣ, ободии диёр, роҳҳои ҳамвору зебо, барафрозии корхонаву нерӯгоҳҳо ба назар мерасад, ки ҳамаи ин шарофати Истиқлолият ва Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо, ҷавонон, бояд фахр кунем, ки зодаи ин сарзаминем ва насли миллати дорои фарҳангу таърихи қадима…

Муфассал

БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДДБ

Имрӯз 20-уми майи соли 2021-ум Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ аз раванди баргузории имтиҳони хатми донишҷӯён боздид намуда, ба ҳамаи хатмкунандагон муваффақиятҳо хостанд. Яке аз нишондиҳандаҳои сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ аттестатсияи хатм маҳсуб меёбад. Аттестатсияи хатм марҳилаи хотимавии таҳсил буда, мутобиқати мазмун, сатҳ ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таълимиро ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот…

Муфассал

МУБОРАК БОШАД!

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз ҷониби Ҳакимзода Қурбон, раиси вилояти Хатлон Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди волейбол байни ташкилоту корхонаҳои вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм дониста шуда, бо дипломи дараҷаи 2 сарфароз гардонида шуд.

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ШОҲМОТБОЗОН ВА ШАШКА”

Бо ибтикори Юнусов Азам, роҳбари маҳфили “Шоҳмотбозон ва шашка” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гаридид. Бозии шоҳмот ва шашка бозии интеллектуализм буда инсонро ба фикр кардан водор мекунад. Маҳфил доираи васеи омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони техникӣ донишгоҳро фаро гирифта дорои нақшаи кории хеш буда аъзоёни он дар мусобиқаҳои дохилии донишгоҳӣ ва…

Муфассал