БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ КАФЕДРАИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ

Маҳфили донишҷӯёни кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ бо номи “Иқтисодчии ҷавон” баргузор гардид.  Дар маҳфил декани факултети иқтисодӣ Пайрав Раҳимзода, муовини декан оид ба таълим М. Эрматов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия Х. Ҷураева, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ М. Холназаров, мудирикафедраитаҳлилииқтисодӣ ва аудит Б. Шодиев, мудири кафедраи молия Б. Наимов  иштирок намуданд.   Дар махфили мазкур донишҷӯён дар мавзӯҳои“Баҳисобгирӣ ва таҳлили буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Баҳисобгирии фаъолияти хоҷагии молиявии корхона” маърӯза карданд.…

Муфассал

БА ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ТАВАҶҶУҲИ ХОССА МЕБОЯД

Солҳои охир нисбат ба илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи Маорифи кишвар назаррас буда, тамоми муаасисаҳои таълимӣ бештар илмҳои дақиқро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд. Кимиё – илм дар бораи таркиб, сохт, хосиятҳо ва табдилёбии моддаҳо мебошад. Кимиё ва ё химия ин соҳае мебошад, ки дар бораи элементҳои гуногуни ҳаёт мебошад. Химия ин яке аз фанҳои мактабӣ ба…

Муфассал

БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД

Субҳгоҳон садои ҷорӯби кӯчарӯбон агар дар шаҳр сокинонро аз хоби ноз бедор кунад, дар дохили донишгоҳ садои ҷорӯби модарони меҳрубон ба мисоли тори хушнавоз ба ҳар шахси воридгардида «хуш омадӣ ба даргоҳи илму маърифат» гӯён садо мезананд. Ҳар тори садои ҷорӯбашон ҳазорон розу ниёз бо худ дорад. Мутаассифона, на ҳар кас ба қадри заҳмати онҳо…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ «БОНКИРОН» БАРГУЗОР ШУД

Дар факултети иқтисоди маҳфили навбатии «Бонкирон», ки бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкӣ бо иштироки Бобоев Комилҷон, Бобоев Ҷасурбек ва Қурбонов Фирӯз, кормандони бонки байналмиллалии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил баромад намуданд.     Маҳфили мазкур дар мавзӯи “Хизматрасонии фосилавии бонкӣ ва асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар шароити ҳозира”  аз ҷониби намояндагони бонки байналмилалии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар баромад намуданд.   Инчунин Зоир Назарзода, донишҷӯёни гурӯҳи 303-и ихтисоси кори бонкӣ дар мавзӯи “Актив ва пассивҳои бонки тиҷоратӣ. Иҷрои амалиётҳои фаъол ва ғайрифаъол дар фаъолияти бонкӣ” ва Додихудо Дамонов, дар мавзӯи “Хусусияти амалиётҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ” баромад…

Муфассал

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “НАҚШИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР РУШДИ АДАБИЁТ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ” ДАР ДДБ

Имрӯз 14-уми апрели соли 2021-ум бахшида ба 110 солагии устод Мирзо Турсунзода дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” баргузор гардид, ки дар он муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд. Cухани ифтитоҳиро Қудратулло Абдураҳимзода, муовини…

Муфассал

ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ ЯКУМ ГАРДИД

Имрӯз, 14-уми апрели соли 2021 дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мусобиқаи баскетбол байни донишҷӯдухтарони мактабҳои олии вилояти Хатлон, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд. Зимни рақобат миёни донишҷӯён ҷойи якум насиби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба…

Муфассал

ДАРСИ НАМУНАВИИ Ф. ҚУРБОНОВ БО ИСТИФОДА АЗ ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР

Имрӯз дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав Файзалӣ Қурбонов бо донишҷӯёни гурӯҳҳои 105-107- и факултети математика – информатика дар мавзӯи “Методҳои тарбия” дарси кушод гузаронид, ки дар он Саид Холматов, корманди Раёсати таҳсилот ва омзӯгорони кафедра иштирок доштанд. Ҳар як қисмати дарс аз қабил баёни мавзӯъ, мустаҳкамкунӣ, тарзи корбарии омўзгор бо…

Муфассал

ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ “САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” САЗОВОРИ ҶОЙИ 1-УМ ГАРДИД

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии гулҳо – «Сайри гули лола» дар вилоят барпо гардид. Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ бо иштироки Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва намояндагони дигар идораву ташкилотҳои вилоятӣ доир гардид. Миёни ташкилоту идораҳои вилоят донишгоҳ дар номинатсияи «Бинои беҳтарин» – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба…

Муфассал

ДАР ТАРБИЯИ ШОГИРДОН ФОРИҒБОЛӢ НАШОЯД

Дар раванди роҳандозии ҳаёт тарбияро дар мадди аввал бояд қарор дод. Бо вуҷуди илму дониш омӯхтану саводи хуб доштан зина ба зина хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, аз қабили эҳтиром ба калонсолон, муомилаи хуб бо атрофиён, ростқавлу росткор буданро дар ботини насли наврас бояд парвариш намуд. Миллати тоҷик маҳз бо шарофати афкору андеша, забон, маърифат, илму маориф,…

Муфассал

КАНДАКОРӢ САНЪАТИ ҚАДИМИСТ

Пайдо гардидани ишқи касбу ҳунар дар қалбу вуҷуди ҳар кас аз меҳру муҳаббат ва самимияту таваҷҷуҳи он пеша шаҳодат медиҳад. Вуҷуди инсон аз доштани орзуву ниятҳои наку, мақсаду ҳадафҳои муайян орӣ нест. Ҳамаи ин ба мо имкон медиҳад, ки баҳри амалӣ шудани хоҳишҳоямон мусоидат кунад. Вале боз ҳам дар ин ҷода омӯзиш, хоҳишу завқ, тавоноӣ,…

Муфассал