ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗӮИ “МУБОРИЗАИ ХАЛҚИ ТОҶИК БАР ЗИДДИ ИСТИЛОГАРОНИ МУҒУЛ” БАРГУЗОР ГАРДИД    

Дар гурӯҳи таълимии 104-и навтаъсиси русӣ дарси кушод зери роҳбарии Рустам Казаков, дотсенти кафедари таърихи халқи тоҷик, аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” дар мавзӯи “Барьба таджикского народа против монголов» – (“Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони муғул”) баргузор гардид. Дар дарси кушод декани факултет, омӯзгорони кафедра ва омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд. Бояд қайд намуд,…

Муфассал

МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР МАВЗӮИ “КАСБИ МАН – ИФТИХОРИ МАН” ДОИР ГАРДИД

Дар факултети иқтисодии ДДБ ба номи Носири Хусрав маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи “Касби ман – ифтихори ман” доир гардид, ки дар он П. Раҳимзода, декани факултети иқтисодӣ,  Х.Ҷӯраева, муовини декан илм ва инноватсия,  Б. Шодиев, мудири кафедраи таҳлилӣ иқтисодӣ ва аудит, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Донишҷӯён Ш. Темиров, Ҷ. Гадоев ва…

Муфассал

ҒОЛИБОНИ «БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮИ СОЛ» МУАЙЯН ГАРДИД

  Имрӯз 10-уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади ҳавасманд намудани донишҷӯён дар рушди қобилияти илмӣ, эҷодӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ,  такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, таъмин ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан…

Муфассал

ТАЪСИСИ ГУШАИ “ЗАБОНИ РУСӢ” ДАР ДДБ

Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори Сафорати Россия, гушаи “Забони русӣ”-ро таъсис дод. Бо мақсади боздид аз ин маркази забономӯзи Емельянов Игорь Николаевич ва Филипенко Инесса Анатольевна Намояндаи, намояндагони Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия, Толибҷон Содиқов, муовини ректор оид ба иқтисоди Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ба ДДБ ба номи Носири…

Муфассал

ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДДБ НАМОИШНОМАИ «БЕЖАН ВА МАНИЖА»-РО ТАМОШО КАРДАНД

  Имрӯз 11-уми марти 2021 ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар Муассисаи давлатии “Театри вилоятии мусиқӣ–мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов”-и шаҳри Бохтар, намоишномаи достони «Бежан ва Маижа», аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»–и Абулқосим Фирдавсӣ тамошо карданд. Намоиш мазкур дар таҳияи Ҷумъа Қудус ва Қурбонзода Баҳром аз ҷониби ҳунармандони театр ба ҳозирин пешкаш карда шуд. Муҳтавои достони “Бежан ва Манижа” меҳрварзии паҳлавони эронӣ ва духтари шоҳи Турон мебошад. Бежан ҳамроҳи Гурзин барои маҳв кардани гурозон меравад. Баъд аз анҷоми кор ба марғзоре дар марзи Эрону Турон меоянд. Дар ин марғзор духтари Афросиёб бо ҳамроҳонаш базм ороста буд. Бежан ва Манижа ҳамдигарро мебинанду дар дилашон меҳр пайдо мекунанд. Манижа Бежанро ба қасри худ мебарад. Дарбориён ба шоҳи Турон Афросиёб хабар мерасонанд. Афросиёб Бежанро дастгир мекунад ва ӯро чун маҳбус ба чоҳе меафканад. Манижаро аз қаср меронад. Рустами достон Бежанро аз чоҳ раҳо карда, ҳамроҳи Манижа ба Эрон мебарад. Ҳамин тавр ин достони лирикӣ дар саҳнаи театр ба тамошобинони сершумор хуш омад. Ҳунармандони театр бо ҳунарнамоии ҷолиб ва ҳиссиёти баланд намоишномаро пешниҳоди омӯзгорону донишҷӯён ДДБ ба номи Носири Хусрав гардониданд. Маркази таҳлилӣ–иттилоотии ДДБ

Муфассал

ДАР МАҲФИЛИ “АЛГЕБРА” ТАРЗҲОИ ГУНОГУНИ ДОДА ШУДАНИ ҲАМВОРӢ ОМӮЗОНИДА ШУД

  Бо ибтикори кафедраи алгебра ва геометряи факултети математика-инфоматика маҳфили “Алгебра”-и баргузор гардид, ки дар он аъзоёни маҳфил иштирок доштанд. Нахуст, Абдулмаҷид Исмоилов, омӯзгори кафедраи алгебра ва геометра оид ба тарзҳои гуногуни дода шудани ҳамворӣ бо мислоҳо фаҳмонида шуд. Ҳамчунин, омӯзгор ба иштирокчиёни маҳфил оид ба муодилаи умумии ҳамворӣ бо тарзи ҷолибу фаҳмо пешниҳоди иштирокдорон гардонид.…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

Имрўз бо ибтикори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷикис ДДБ ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рўзи матбуоти тоҷик маҳфили кушоди «Рӯзноманигорони ҷавон» баргузор гардид, ки дар он Дилором Маҳкамова, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи таҳлилию иттилоотии раиси вилояти Хатлон, собиқадорони соҳаи матбуот Туҳфа Аҳмадова ва Муҳаббат Мирзораҳимова, омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.…

Муфассал

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ПАЖУҲАНДАГОНИ АҶАМ”

Маҳфили “Пажуҳандагони аҷам”-и назди кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, зери роҳбарии Файзиддин Наботов баргузор гардид, ки дар он Тоҷиддин Исозода, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.  

Муфассал

ДИССЕРТАТСИЯИ ДӮСТЗОДА МУСТАФО АЗ МУҲОКИМАИ ПЕШАЗДИФОӢ ГУЗАШТ

Дар факултети иқтисодӣ муҳокимаи диссертатсияи Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзўи “Такмили сохтори иқтисодиёти соҳаҳои кишоварзӣ (дар асоси маводи соҳаҳои кишоварзии вилояти Хатлон)” баргузор гардид. Дар муҳокимаи диссертатсия устодон Н. Садриддинов, Шарифхон Баротзод, Гулов Қодир, Шариф Раҳимов ширкат варзиданд. Дӯстзода Мустафо Ҳафиз, зимни баромад оид ба аҳамияти таҳқиқоти диссертатсионӣ баромад намуда зикр кард, ки ҳадафи таҳқиқоти диссертатсионӣ коркарди муносибатҳои назариявию методӣ ва пешниҳодоти амалӣ…

Муфассал

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР ДАР ДДБ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

  Имрӯз 6-уми марти соли 2021 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи модар бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид. Маҳфили идонаро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар табрик намуд. Зикр намуд, ки воқеан ҳам Рӯзи модар, ки бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам…

Муфассал