Мо тоҷикони муқими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар аввалин рӯзҳои соли нави 2022 муроҷиати як гурӯҳ шаҳрвандони зодаи Бадахшонро ки дар Федератсияи Русия зиндагони менамоянд, тамошо карда, бисёр ғамгин шудем ва ин муроҷиатнома моро ба ёди рӯзҳои ҷанги шаҳрвандии хонумонсуз бурд.

Он рӯзҳо мо аксарият шоҳиди аввалин даргирию куштор, гаравгонгирӣ, авбошӣ, роҳзанӣ ва ҷангу ҷанҷолҳо будем. Маҳз ҳамин гуруҳҳои ҷинояткор, якрав, пешхез ва манфиатҷӯ, ки имрӯз бадбахтона дар баъзе ноҳияҳои ВМКБ бо худнамоию калонигарӣ ва нописандӣ нисбат ва давлату ҳукумат ба ҳамватанони худашон ном баровардаанд, бо эҷоди фитнаю дасиса мехоҳанд ҷинояту авбошиҳои худро рупӯш кунанд ва айбро ба гардани дигарон андозанд.
Барои онҳо ҳамин фазою сардаргумӣ лозим аст, чунки бо тағир додани афкори умумӣ ба тарафи дигар онҳо бизнесҳои худро мекунанд; хариду фурӯши маводи мухаддир, аслиҳа, ва дигар корҳои берун аз урфи инсонию ахлоқӣ.
Ҷои афсус аст, ки ин муроҷиатнома боз ҳамон иштибоҳоти солҳои навадро такрор карда аз ибораҳои “шаҳидони роҳи ростӣ”, “ҳукуматдорони золим” … истифода мебаранд. Онҳо таъкид мекунанд, ки қонун барои ҳама яксон аст ва онро бояд ҳамагон риоят кунанд, вале чаро гурӯҳи авбошон дар Хоруғ ва дигар ноҳияҳо ғайриқонунӣ силоҳ нигоҳ медоранд, аз мошинҳои аз беруномада пулу доля мегиранд, қонунҳои худашонро дар онҷо ҷорӣ мекунанд, саркашӣ аз қонунҳои кишвар мекунанд, ин фаъолони бадахшонӣ овозашонро баланд накарданд? Онҳо аз кадом адолат сухан мегӯянд? Чаро пеши роҳи қонуншикании ҳамшаҳриёнашон дар вилоятро бо ҳамин муроҷиатномаҳо намегиранд?
Ба назар мерасад инҳо аз ҷои дигар таҳрик мешаванд, ба онҳо роҳ нишон медиҳанд, чунки маълум аст, ки инҳо ҳарфу навиштаи дигаронро дикта мекунанд ва ҳамон сенарияҳои солҳои навадро такрор карданианд. Вале мардуми мо дигар аз паси ин фиребхӯрдагон, ки намедонанд оқибати амалашон чи мешавад, нахоҳад рафт. Сониян, он солҳо ибтидои истиқлолияти мо буд ва давлат чандон нерую тавон надошт, вале вазъият ҳоло фарқ мекунад ва сохторҳои қудратӣ бо имкониятҳои мавҷуда бо ҳар гуна қонуншиканӣ ва рафтори ғайримасъулона муносибат мекунанд.
Мо як бор аз оташи хонумонсузи ҷанги шаҳрвандӣ гузаштем ва захми он ҳанӯз дар тану ҷони мо дармон наёфтааст. Бародарону хоҳарони Бадахшонӣ! Ба эҳсосот ва шераки бегонагон дода нашавед. Онҳо ягонтоашон барои хоки мо дилсӯз нестанд, балки мехоҳанд дар мамлакати мо нотинҷӣ бошад ва аз пешрафту рушди давлати мо ҳасодат мекунанд. Ақли солим бояд ғалаба кунад ва нагузорем дар Ватани азизи мо дигарбора шуълаи ҷанг фурӯзон шавад.
Шодихон Комилов,
муҳандиси нерӯгоҳи атомии Бушеҳр
Возможно, это изображение (1 человек и текст)