Таҳти ҳамин унвон ҶДММ “Матбаа”-и шаҳри Бохтар бо дастгирии молиявии профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Н. Хусрав, китоби 256-саҳифаии устоди равоншоди ҳамин муассиса – Муродиён Ҳасан Ғуломзодаро бо теъдоди 250 нусха ба табъ расонид.

“Дунё ба монанди мактабхона аст ва мо тифли дабистонаш ҳастем. Ҳар як лаҳзаи зиндагӣ дарс аст. Хуш ба ҳоли касе, ки аз ҳар дами ҳаёт сабақ гираду аз рӯзҳои гузашта хулосаи дуруст барорад ва таҷрибаи андӯхтаашро ба ояндагон омӯзонад. Дар иртибот ба ин рисолаи мазкур аз рӯзгори пур аз шебу фароз ва ибратомӯзи омӯзгори собиқадор, олими адабиётшинос ва рӯзноманигори варзида, доктори илмҳои филологӣ, номзади илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон худобиёмурз Муродиён Ҳасан Ғуломзода, ки “такрори дарсҳои гузашта”-и зиндагии ӯст, қисса мекунад. Рӯзгори шоиста ва осори пурғановати мавсуф барои онҳое, ки майл ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва рӯзноманигорӣ доранд, раҳнамо ва омӯзномаи хубест. Рисола баъд аз шаҳодати муаллиф (09.11.2020) бар асари вируси нави аср чоп шуд”, – омадааст дар муаррифисаҳфаи китоб.
Барои шинохти бештар аз ҷодаи пурифтихоре, ки ин устоди фақид тай кардааст, дар охири китоби мазкур феҳристи таълифоти ӯ ва барои тамошо кардан тавассути видеопортали Ютуб QR рамзи барномаҳои телевизионии ба ӯ бахшида ҷой дода шудаанд.
“Чиҳил сол боз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоию олии касбӣ омғзгорам. Ифтихормандам, ки дар тӯли ин солҳо зарра-зарра нури чашм ва қуввати танамро барои тадриси шогирдон сарф кардаам. Худованд агар маро дубора ҷавон месохт, боз ҳам ҳамин пешаро ихтиёр мекардам.
Бо вуҷуди беморҳои тӯлонӣ ва мушкилоти пайвастаи умру монеаи шадиди рақибон, бар рағми ҳама гуна ҳақношиносиҳои нотавонбинон сарбаландонаву бардамона қадам мемонам, софу беғамона механдам. Барои ҳар мушкилоту ноҷуриҳои рӯзгор хотирамро озурда намесозам, зеро умри кӯтоҳу даргузари одамӣ кирои инро надорад ва байти зерин шиори рӯзгорам аст:
Чаро шукуфта набошам, ки Худой корсоз аст,
Даре, ки банда бубандад, дари дигар боз аст”, – гуфтааст муаллиф дар охирсухани ин рисола. Ва гӯё дарк карда бошад, ки ин охирин таълифоташ хоҳад буд. Биноан, бо чунин суханҳо бо аҳли мутолиа ва дӯстон хайрухуш карда:
“Ба навиштаҳои худ дар охири фасли пойиз, ки баргрезон аст, хотима мебахшам ва онро бо шеъри Камол Насрулло ба охир мерасонам:
Баргҳо рақскунон мерезанд,
То бигӯянд, ки падруд чунин шево бод!
Мо ки ҳусни чаману боғу хиёбон будем,
Аз ҷаҳон рафтани мо ҳам бафару зебо бод!”.
Ин устоди худобиомурз дар тӯли умри бобаракати хеш зиёда аз 34 рисолаи илмӣ, дастури методӣ, омӯзнома ва китоби дарсӣ, 220 мақолаи илмӣ ва таълимию методӣ ва беш аз 340 мақолаи таҳлилӣ, лавҳа ва очери оммавӣ таълиф карда, заҳматҳояш бо бисёр ҷоизаҳои ватанӣ қадр шудаанд ва бо тасмими шаҳрдори Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар шаҳри Бохтар кӯчае ба номаш гузошта шудааст.
PS: аҷал амон надод, ки падари азизам (Худоё, дар Биҳишти барин маъвояш дода бошӣ!) ин китобашро худ чоп кунад ва аз маҳсули заҳматаш ҳаловат барад…
Ин 34-умин китоби қиблагоҳам аст. Дуогӯ бошед, дӯстони хуб.
Муродиён Зокир Ҳасан
Нет описания фото.