Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҳисоби вакилони вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ, олимону муҳаққиқон, собиқадорони меҳнат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мардум суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.

Чунин як мулоқоти судманд дар МТМУ №12 бо сокинони шаҳри Бохтар баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода ва дигарон иштирок доштанд.
Нахуст, Наргис Қурбонзода ба минбар баромада, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар самти ободонии шаҳру деҳот, рушд бахшидани ҳунару анъанаҳо ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ ибрози андеша кард.
Дар навбати худ ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин оид ба баланд бардоштани савияву сатҳи донишандӯзии донишҷӯён, ҷавобгӯ будани сифати таҳсилот, ғамхориҳои давлат ба ятимону бепарасторон андешаронӣ намуд.
Зимни суханронӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода қайд намуд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан таърихӣ – таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, он аз бурду бохт ва муваффақияту мушкилиҳо дар самти сиёсати дохилию хориҷии мамлакат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар иборат буд. Паём бозгӯи он аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш рафта истодаанд.
– Мо дар шароите қарор дорем, ки давлату Ҳукумат ҳама гуна шароитро баҳри рушд додани тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳайё сохтааст. Пас, аз ин гуна ғамхориҳои давлату ҳукумат самарабахш истифода бурда, дар ободонии диёр ва сатҳи маърифатнокии мардум саҳмгузор бошем, – иброз намуд Носирҷон Маъмурзода.
Дар фарҷоми мулоқоти доиргардида ширкаткунандагон ҳамовозии худро аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз сиёсати пешбарандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз карданд.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”