Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав миёни омӯзгорону донишҷӯён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи қонунҳои миллӣ, пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ва тарғиби фарҳанги миллӣ вохӯрӣ доир гардид.

Мулоқоти мазкур бо иштироки Муҳаммадӣ Шарифзода, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Рамазон Насриддинзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон”, бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, гузаронида шуд.
Нахуст Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, вохӯриро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас меҳмонон зимни суханрониҳои хеш қайд намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар омили муҳими мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ва руйдоди сарнавиштсоз маҳсуб ёфта, дар назди қишрҳои ҷомеа вазифаҳои муҳимро мегузорад, ки иҷрои онҳо рушду тавсеаи кишвари моро дар соли ҷорӣ ва ояндаи наздик таъмин менамояд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ