Имрӯз дар факултети математика ва информатика асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши рушдди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курси омӯзишии истифодаи технологияи нави муосир (тахтаи электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ) омӯзиши 10 рӯза ба роҳ монда шудааст.

Дар ин омӯзиш омӯзгорон аз факултетҳои донишгоҳ иштирок мекунанд.
Ин омӯзиши даҳрӯза аз 17-уми январ оғоз гардида то 27-уми январ давом мекунад.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ