Дар асоси нақша – чорабиниҳои Комиссияи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати омӯзиш ва баррасии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатии забони тоҷикӣ дар факултети филологияи тоҷик мизи мудаввар бо иштироки мутахассисони соҳаи забоншиносӣ баргузор гардид, ки минбаъд низ дар дигар факултетҳои донишгоҳ идома мекунад.

Зимни баргузории мизи мудаввар оид ба баъзе аз иловаҳо ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ёдовар гардиданд.
· Суҳроб, суҳбат, таваҷҷуҳ, таваққуъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, уҳда ва ғайра, нуҳ, куҳна, муҳр, андуҳ, мижа, мижгон, пажуҳиш, пажуҳиш;
· Пажуҳиш, мавзуъ, мавзуи баҳс, тулуъ, тулуи офтоб, шуруъ, шуруи кор, маҷмуъ, маҷмуи ашъор ва ғайра;
· Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, Шукӯҳӣ, шуҳрат ва ғ.
· Гуфтушунид, рафтуомад, гирудор, гирогир, даводав, паропар, обутоб, сарулибос, сарутан, корубор, сарупо ва ғайра;
· Бисту панҷсолагӣ, ду ҳазору панҷсадсолагӣ ва ғайра;
· 5 – ум, 12 – ум, 2 – юм, асри xx, синфи x, боби II, 3 – то, 5 – то, 20 – то 100 – то ва ғайра;
· Иҷроиш не, балки иҷро;

Талаффуз ва имло

Имло мафҳуми пур кардан, аз ёд чизе навиштан, аз худ чизе гуфтанро дорад, дар истилоҳ ба маънии расмулхат, яъне навиштани таркиби ҳарфҳо мувофиқи қоида аст.
Имлои баъзе садодорҳо
Овози и чанд вазифа дорад:
· Чун изофа ё бандаки изофӣ калимаҳоро бо ҳам алоқаманд менамояд: сардафтари шоирон, ахлоқи ҳамида, марди накӯном, табиби ҳозиқ, соли пурфайз, сарвари назми дарӣ, назарияи иқтисод;
· Дар охири калима кашида талаффуз меёбад ва ин гуна – ӣ навишта мешавад: сонӣ, ҷорӣ, шолӣ, осмонӣ, шерозӣ, шахсӣ, босозӣ (Дар ин маврид, ҷуз вожаҳои сонӣ, ҷорӣ, шолӣ ва шабеҳи инҳо, нақши пасванди калимасозро дорад);
· Чун бандаки феълӣ ва хабарӣ (-ӣ) меояд: ту бахшидӣ, ту хоҳиш кардӣ, ту нишастӣ, ту боғбонӣ, ту табибӣ;

Имлои баъзе ҳамсадоҳо

Ҳарфи й пеш аз садодорҳои а, у, о, э ояд, ҳамроҳ бо ин овозҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й + а = я, й + у = ю, й + о = ё, й + э = е: ҳамсоя, Юсуф, бӯрё, рӯе.
Дар байн ва охири калима миёни садодорҳо арфи йот йи талаффуз шавад ҳам, танҳо и навишта мешавад: афзоиш, доим, моил, намоиш, поидан, саис, раис, хандаи ширин, шонаи чӯбӣ, Фонии Кашмирӣ, барои ҷамъият, шӯрои деҳа, орзуи Одина, доруи талх.

Имлои овозҳои мушаддад

Овозҳои мушаддадро ҳамсадоҳои ташдиддор ҳам мегӯянд, яъне як ҳарф дар калима бошиддат ё сахттар талаффуз меёбад ва дар хатти имрӯза ду бор навишта мешавад, монанди пашша, латта, барра:
Ташдиди ҳамсадоҳо асосан хоси калимаҳои дуҳиҷоиву сеҳиҷоист, амсоли парра, арра, калла, чаппа, раззоқ, халлоқ, мураккаб, таваллуд ва ғайра.
Такрори ҳамсадо дар калимаҳои арабӣ бештар дида мешавад ва донишмандон барои муайян кардани онҳо қолаб эҷод кардаанд ва ин қолабҳо то андозае нақши формуларо адо менамоянд. Масалан, барои вожаҳои навъи раззоқ, ҷаллод, наҷҷор, қассоб, хаттот, маккор, ки ҳамсадои дуюми онҳо мушаддад аст, калимаи шартии фаъъол мувофиқ аст. Бар вазни муфаъъал ва тафаъъул ҳамсадои сеюми калима ташдид меёбад. Аз ҷумла, имлои калимаҳо бо қолаби муфаъъал: муқаддас, мухаммас, мушаххас, мукаррам, мушарраф, муқаррар, муҷаррад, муҳаббат, мубаддал. Ба қолаби тафаъъул: таҷассум, тафаккур, ташаккур, тараҳҳум, таҳаммул, табассум, таваллуд, таназзул, таассуф.
Ба калимаҳои дур, син, зид, кул, сир, хат, фан ва монанди онҳо, ки ҳарфи охири инҳо таърихан мушаддад аст, овозҳои у, и, й васл бигардад, ташдид барқарор мешавад: дурру марворид, синну сол, зидди душман, кулли ҳол, фанни шеър, сирри ҳарбӣ, хатти хуб, гузориши хаттӣ.

Имлои исм

· Баъзе исмҳо ду тарзи навишт доранд: 1) исмҳое, ки бо ҳамсадои ҳ ва й анҷом меёбанд:
гоҳ – гаҳ кӯй – кӯ
гуноҳ – гунаҳ мӯй – мӯ
коҳ – каҳ пой – по
моҳ – маҳ рӯй – рӯ
шоҳ – шаҳ шӯй – шӯ
роҳ – раҳ
xӯй – xӯ

Якҷоя навишта мешаванд:

1) Артикли арабии ал бо исм: Алберунӣ, Алқонун, алқисса, алвидоъ, алҳазар, алҳақ ва ғайра;
2) Исмҳое, ки аз чанд реша ва асос таркиб ёфтаанд: падарарӯс, гарданкаш, навшукуфта, корфармо, мушкилосонкункасон ва ғайра:
3) Исмҳое, ки тавассути пасванди -ӣ (-гӣ), -ак таркиб ёфтаанд: хештаншиносӣ, пунбаобдиҳӣ, пешазинтихоботӣ, пешвозгирӣ, навоварӣ, корсозӣ, садсолагӣ, рӯбинак ва ғайра:
4) Исмҳое, ки аз шумораву исм бо пасванди -а таркиб ёфтаанд: себарга, чоркунҷа, дуоба, душоха:
5) Исмҳое, ки аз феъл тавассути миёнвандҳои у ва о таркиб ёфтаанд: гуфтушунид (гуфтушунуд), гуфтугӯ, ҷустуҷӯ, шустушӯ, рафтуомад, даводав, хезохез ва ғайра:
6) Исмҳое, ки аз таркибҳои иқтибосии арабӣ тавассути артикли ал таркиб ёфтаанд: маликушшуаро, дорулфунун, Мовароуннаҳр ва ғайра:

Бо дефис навишта мешаванд:

1) Шумораи бо рақам ифодаёфта ва калимаи сол: 1000 – солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино, 17- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 – солагии таъсиси Донишгоҳ ва ғайра;
2) Исмҳое, ки аз калимаҳои такрор таркиб ёфтаанд: гулдур-гулдур, гум -гум, чир- чир, қар- қар, милт- милт ва ғайра;

Ҷудо навишта мешаванд:

1) Ҷуфтҳои муродифӣ: афту андом, гӯшту нохун, ишқу ҳавас, шаъну шараф, саъю кӯшиш, обу ҳаво;
2) Ҷузъҳои исме, ки мафҳуми ҷуғрофиёӣ доранд ва маънои луғавию задаи худро нигоҳ доштаанд: Сари Хосор, Варзоби Боло, Осиёи Марказӣ, Шарқи Дур ва ғайра, аммо, дар сурати суст ё гум шудани маънии луғавии ҷузъи дуюми ин гуна исмҳо якҷоя навишта мешаванд: Конибодом, Шаҳринав, Шаҳрисабз, Шаҳритӯс ва ғайра;
3) Таъбирҳои ангури дили кафтар, аспи гули бодом, атласи абри баҳор, гули ошиқи печон, гули намози шом, зардолуи рухи ҷонон ва ғайра;

Имлои баёния ва исм:

1) Баёнияҳои беизофа ва изофие, ки мафҳуми унвон, мансаб, лақаб ва нисбаро ифода менамоянд, бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд:
Амир Темур, шоҳ Аббос, Аҳмади подабон, Хуршеди паҳлавон, Ҷамолиддини муаллим, Набии мироб ва ғайра. Агар баёния пас аз исми хос ва бе изофа омада бошад, бо исм якҷоя навишта мешавад: Аҳмадмахдум, Хуршедпаҳлавон, Шарифмирохӯр ва ғайра;
2) Баёнияҳои изофие, ки бо исми хос омадаву мафҳуми лақабро ифода менамоянд, бо ҳарфи калон ва ҷудо навишта мешаванд: Баҳроми Гур, Акбари Мерган, Махдуми Гав, Муҳаррами Fарч, Ҳаити Гург ва ғайра.

Имлои ному насаб:

1) Бо изофа: Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Ҷовиди Ораз, Маликаи Саидзод, Аҳмади Ҷомӣ, Муллоёри Ванҷӣ, Шаҳрияи Раҳимзод ва ғайра;
2) Бе изофа: Бозор Собир, Абдулҳамид Самад, Камол Насруллоҳ, Раҳим Шералӣ ва ғайра;
3) Бо пасвандҳои -ӣ, -зода (-зод, -иён, -пур, -духт): Ансорӣ, Мирзозода, Афсаҳзод, Нодириён, Салимпур, Зафардухт ва ғайра. Пасванди ӣ тахаллус ва нисба низ месозад: Рӯдакӣ, Навоӣ, Маъсумӣ, Шукӯҳӣ, Хуҷандӣ ва ғайра;
4) Бо пасвандҳои – ов (- ев), – ова (- ева), – ович (- евич), – овна (- евна): Шарифов, Fаниев, Шамсиддинова, Халифаева, Диловар Давлатович, Нозим Мирзоевич, Розия Акрамовна, Латофат Сабзаевна ва ғайра.

Мавридҳои корбурди ҳарфи калон

· Вожаи Худо ва муродифҳояш Худованд, Парвардгор, Офаридгор, Яздон, Аллоҳ бо ҳарфи калон навишта мешаванд;
· Номи сулолаҳои таърихӣ бо ҳарфи калон меоянд; Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён, Саффориён, Сомониён, Fазнавиён ва ғайра;
· Исми хос бо пасванди ҷамъбандӣ калон навишта мешавад: Арбобкамолҳо, Шоҳмирзоҳо, Одинаевҳо, Шарифҳо ва амсоли инҳо, аммо, исми хос чун унсури калимасоз воқеъ шавад, бо ҳарфи хурд навишта мешавад: саъдисифат, ҳофизшиносӣ, шоҳномахонӣ ва ғайра;
· Калимаҳои арабии ибн, валад (ба мафҳуми писар далолат менамоянд), бинт (духтар) дар байни номҳо бо ҳарфи хурд ва ҷудо навишта мешаванд: Абӯалӣ ибни Сино, Ёдгор валади Бозор, Нодира бинти Назар. Аммо калимаи ибн дар аввали ном калон ва ҷудо навишта мешавад: Ибни Ямин, Ибни Мансур ва ғайра;
· Калимаҳои баёнгари мафҳуми мақомоти давлатӣ, мансабҳои олӣ, парчам ва нишони миллӣ бо ҳарфи калон навишта мешаванд: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
· Калимаи аввал ва исми хоси таркиби номи унвонҳо: Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нависандаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаи байналмилалии Нобел, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ғайра, аммо номи вазифаву мансаб, унвон, рутбаву дараҷаи илмӣ, ҳарбӣ, ки хусусияти умумӣ доранд, бо ҳарфи хурд навишта мешавад: академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми филология, вазири маориф, генерали артиши миллӣ ва ғайра;
· Исмҳои хоси баёнгари мафҳуми маъмуриву сиёсӣ ва ҷуғрофиёӣ: Ҷумҳурии исломии Эрон, Амрико, Қӯрғонтеппа, уқёнуси Ором, дарёи Сурхоб, ноҳияи Нуробод, Офтоб, Моҳ, Замин ва ғайра;
· Калимаи нахуст ва исми хоси баёнгари мафҳуми номи идора, мақомоти давлатӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва монанди инҳо;
·Ҳуруфи аввали таркибҳои ихтисоршуда: ДМТ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), СММ (Созмони Милали Муттаҳид), ҶТ (Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ғайра;
· Ҳар калимаи таркиби номи ҳодиса ва воқеаҳои таърихӣ: Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон, Исёни Муқаннаъ, Шӯриши Восеъ ва ғайра;
·Калимаи нахуст ва исми хоси таркиби номи қонуну асноди расмӣ: Эъломияи ҳуқуқи башар, Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни замин, Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра;
· Калимаи аввал ва исми хоси таркиби номи анҷуман ва ҷашнҳо: Анҷумани байналмилалии тоҷикон, Конгресси байналмилалии забоншиносон, Ҷашни 1100 -солагии давлати Сомониён ва ғайра;
· Калимаи нахуст ва исми хоси таркиби номи осори илмиву бадеӣ, рӯзномаву маҷалла, суруду мусиқӣ ва осори намоишӣ: “Писари Ватан”, “Садои Шарқ”, “Чархи гардун”, “Сарахбори кӯҳистон” ва ғайра;
· Калимаи нахусти номи ширкат, иттиҳодия, фурӯшгоҳ, театру тарабхона ва нақлиёт: ширкати “Ситора”, иттиҳодияи “Гулдаст”, бозори “Баракат” ва ғайра.
Сангимурод Шарипов,
муовини раиси Комиссияи татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишгоҳ
Возможно, это изображение (13 человек, люди сидят и люди стоят)