Имрӯз як гурӯҳ омӯзгорон зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут” ниҳоли мевадиҳанда шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки хоҷагии ёрирасон ва таҷрибавии “Зағертут”-и шаҳри Левакант, ки ба донишгоҳ тааллуқ дорад, дорои 5 гектар замин буда, дар майдони 3 гектари он боғ бунёд шудааст.
Дар замини таҷрибавӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили картошкаву пиёз, бодирингу помидор, ҷуворимакка ва тарбузу харбуза кишт гашта, дар як қитъаи дигари замини хоҷагӣ парвариши меваҳои ситрусӣ, аз ҷумла лимон ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳайати устодону донишҷӯёни факултети химия ва биологияи донишгоҳ ин мавзеъро ҳамчун замини таҷрибавӣ барои амалӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ истифода мебаранд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ