• Рӯзномаи “Хатлон” – №7 (3366), 28.01.2022
Эҳё ва бузургдошти ҷашнҳои миллии мардум, ки тӯли ҳазорсолаҳо аз ниёгонамон ба мерос мондааст ва дар онҳо як ҷаҳон суннатҳои волои инсонӣ таҷассум ёфтааст, аз ҳар ҷиҳат боиси пайравӣ ва омӯзиш мебошад.
Оид ба пайдоиш ва густариши таърихи ҷашни пуршукӯҳи Сада маълумоти фаровоне мавҷуд бошад ҳам, вале бо таассуф бояд хотирнишон кард, ки то кунун ҷиҳатҳои маросимии он, таъсири минбаъдаи рамзҳои ҷашни мазкур ба анъанаҳои халқҳои ориёнӣ, аз ҷумла аврупоиҳо, ба таври бояду шояд таҳлил ва таҳқиқ нашудааст. Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова дохил намуд, ки мутобиқи он ҳамасола рӯзи 30-юми январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад.
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Унсурӣ Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд.

Сада то асри XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак нисбат медиҳад.

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Бино ба тадқиқоти олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор Равшан Раҳмонӣ, таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он – оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошад, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасад. Бо пайдо шудани оташ ва муқаддас гардидани он мардуми пешин барои худ ҷашни Садаро интихоб карданд.

Ин аз як тараф ифодагари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ мебошад, аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад. Баъдҳо маҳз пайдо шудани «ҷашни оташ» ва ҳамчун рамзи Хуршед донистани он ҷашни Сада дар миёни мардум густариш пайдо кард. Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммӯи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввулу ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтанд ва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд.

Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Наврӯз – оғози баҳор (21-22 март), Меҳргон – поёни фасли кишоварзӣ (8-13 октябр) ва ниҳоят ҷашни Сада, ки дар зимистон фаро мерасад, оғози киштукорро (29-30 январ) шаҳодат медиҳад.

Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» – омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад», бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз «Зайнул-ахбор»), ки сабаби Сада ном ниҳодани ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне 50 рӯзу 50 шаб». Дар фарҳанги «Сироҷ-ул-луғат»-и Сироҷиддин Алихон Орзу омадааст: «Сада даҳуми рӯзи баҳман: чун дар он рӯз адади фарзандони одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда».

Ҳамчунин, муаррихон ва алломаҳои гузашта, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ дар «Осорул-боқия», Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор», Ибни Миска-Вайх дар «Таҷриб-ул-умум» оид ба таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардаанд. Ҳакими Тӯсӣ дар достони «Ҳушанг» боби махсусеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» эҷод кардааст. Аз навиштаҳои олимон бармеояд, ки аз замонҳои қадим ниёгони мо анъанаҳои мардуми хешро идома дода ва эҳтиром менамоянд.

Гузоштани шамъ дар ҷашнҳои гуногуни мардумӣ аз ҷашни Сада сарчашма мегирад. Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ» оташи калоне фурӯзон карда мешуд ва он ҷашни Садаро хотирнишон мекард, зеро дар асри X дар Эрону Хуросон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати бузурге пешвоз мегирифтанд ва гулханҳои бузург фурӯзон мекарданд. Ба ақидаи муаррих Е.Э. Бертелс ороиши арчаи солинавӣ, ки танҳо дар асри XVII дар Аврупо маълум гашт, инъикоси ҳамон дарахти ҷашнии Сада мебошад.

Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои роҳи абрешим паҳн мегардад.

Давлаталӣ Алимов,
доктори илмҳои таърих, дотсент

Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор