Имрӯз, 29 январ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо шаҳомати хос таҷлил гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолону гулбуттаҳо дидан намуданд.
Дар ин намоишгоҳ ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иштирок намуданд.