Дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Шаҳраки қадимаи Тахти Сангин Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Тахти Сангин – мероси таърихии халқи тоҷик” бо иштироки олимону бостоншиносони ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар конференсия мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносии ДДБ ба номи Носири Хусрав доктори илмҳои таърих, профессор Алимов Д.Х. дар мавзӯи “Тахти Сангин яке аз ёдгории таърихии Тоҷикистони Ҷанубӣ” низ баромад намуд, ки мавқолаи мазкур пешниҳоди хонанда мегардад.
ТАХТИ САНГИН ЯКЕ АЗ ЁДГОРИИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОНИ ҶАНУБӢ
Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дастовардҳои беназири моддӣ ва маънавӣ, намоёнгари сарват ва рӯшангари чеҳраи миллатанд. Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад.
Мардуми тоҷик бо осори волои маънавӣ, ки офаридаи фарзандони барӯмандаш мебошад, шуҳрат касб намудааст. Осори хаттӣ низ аз боби ободӣ ва машғулияту пешаварии аҷдод дар қарнҳои пешин маълумоти сареҳе фароҳам меоваранд. Қасабаву шаҳристон ва мавзеъҳои озодаю ободоне, ки дар осори таърихӣ ёд шудаанд, мо андакашро медонем. Аз ҳамин аст, ки ба девору манор ва хишту сафолпораҳои гирду атроф назар андохта ба онҳо ёдгориҳои таърихӣ унвон медиҳем. Онҳо маҳсули заҳмати гузаштагони тамаддунофари мо мебошанд.
Кишвари мо ёдгориҳои зиёди моддӣ дорад, ки муттааллиқ ба давраҳои гуногунанд ва аз хеле куҳан будани ин сарзамин гувоҳӣ медиҳанд. Ҳар кадом бо тарзу услуби хос бунёд ёфта, ҳунармандии аҷдод ва баландии маърифат ва дараҷаи тасаввуроту эътиқодоти онҳоро инъикос мекунанд.
Мутаассифона, ин ёдгориҳо дар тӯли таърих бар асари ҳуҷуми душманон хароб гардида, то имрӯз дар шакли димна, хоктеппа, мазор ва вайронаҳо дар гирду гӯшаи сарзамин боқӣ монда, асрори афзун ва ҷаҳонбинии аҷдодро дар худ нуҳуфтаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ин қабил ҷойҳо дар маъхази таърихӣ бо номҳои истеҳком, диж ё диз (қалъа), димна (вайронаҳои куҳан), истон, қария, қасаба, шаҳрак ва шаҳристон ёд мешаванд.
Бо эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва шинохти таърихи куҳан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асари ҷомеъи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», менависад:
«Ба куҷое равам, ба кадом гӯшаи Тоҷикистони азиз қадам гузорам, дар ҳар ваҷаб коху ҳар санги роҳаш ман нақши гузаштаҳоро меҷӯям. Хуҷанди бостониву Қалъаи Темурмалик. Истаравшану Курушкадаи овозадор, Саразму Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ Шаҳритусу Айваҷ Золи Зару Ҳулбук ва садҳо шаҳристону куҳандиз, қалъаву кӯшкҳои барҳаво, барзину ибодатхонаҳо, корвонсарою растаҳои ҳунармандии сарзамини аҷдодии тоҷикон ба осори куҳану бозёфтҳои ҳайратангезаш бостоншиносони оламро шефтаву ҳайрон кардааст.
Тахти Сангин аз ҷумлаи ёдгориҳои пурарзиши аҷдод аст, ки дар вайронаҳояш таърихи куҳанро таҷассум карда, зери хок қиссаҳои рангину хунинро то замони мо нигоҳ доштааст.
12 ноябри соли 2021 Конфронси Генералии ЮНЕСКО 2500 — солагии «Тахти сангин»-ро тасдиқ намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 аз мавзеи таърихии “Тахти сангин” дидан карда ва ба ҳукумат низ дастур дода шуд, то ҷиҳати барқарории ин ёдгорӣ иқдомоти лозим рӯи даст гирифта шавад.
Тасдиқи 2500 –солагии “Тахти сангин” аз ҷониби ЮНЕСКО боз як иқдом дар роҳи шинохти миллати тоҷик мебошад. Як гӯшаи Тоҷикистон обод ва ҳазорон саёҳони ватанию хориҷӣ аз ин макон боздид хоҳанд намуд.
Тахти Сангин дар қисмати шарқии Қубодиён дар паси қаторкуҳи Тешиктош дар соҳили рости руди Ому, дар нуқтаи ҳамроҳшавии обҳои Панҷу Вахш ҷойгир шудааст. Дар ҳудуди харобаҳои шаҳркадаи мансуб ба асрҳои IV то мелод ва III мелодӣ, «Хазинаи Амударё» маҷмӯаи ҷавоҳироту сиккаву ашёҳои сохташуда аз тиллову нуқраи марбут ба даврони шоҳаншоҳии Ҳахоманишҳо ошкор шуд.
Номи куҳнаи ёдгории мазкур Тахти Сангин нест, ва ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудааст, бинобар ин олимон шартан онро Тахти Сангин номиданд. Ва ҳам монандӣ бо Тахти Ҷамшед – пойтахти Эрони куҳан, ки дошт дар номгузорӣ ба он пайравӣ намуданд.
Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дороии беназири моддӣ ва маънавӣ, рӯшангари таърихи миллатанд. Тоҷикони мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзишиаҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунанд.
Ёдгориҳои кишвари мо мутааллиқ ба давраҳои гуногунанд ва ҳар кадом бо тарзу усули хос бунёд ёфта, ҳунармандӣ, маърифати баланд ва дараҷаи тасаввуроту эътиқодоти онҳоро инъикос мекунанд.
Тахти Сангин аз ҷумлаи чунин ёдгориҳои пурарзиш ва мавзеи таърихиест, ки маъбад, димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Шаҳрак дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён дар ҷануби кишварамон мавқеъ дорад. Номи аслии ёдгории мазкур Тахти Сангин нест ва ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст.
Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд, бинобар ин олимон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон онро Тахти Сангин номиданд. Бояд зикр намуд, ки шаҳраки Тахти Сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 ворид шудааст.
Нигораҳое, ки ҳангоми ҳафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихӣ ёфт шудаанд, имрӯз дар осорхонаҳои дохилию хориҷӣ маҳфузанд. Зиёда аз 200 нигора дар осорхонаи Қубодиён ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин, қисме аз нигораҳо дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ганҷинаи бузурге, ки соли 1877 аз ин ҷо ёфт шудааст, ҳоло дар осорхонаи миллии Англия маҳфуз аст бо номи «Хазинаи Амударё». Онро «ҷавоҳироти Окс» ҳам меноманд. Иборат аз коллексияи ҷавоҳирот, ки аз 170 намуд нигораҳои тиллоӣ ва нуқрагин ва зиёда аз 1300 тангаҳо, ороишот ва зарфҳои хушсифати давраи Ҳахоманишиён иборат буд. Дар шаҳркада устохонаи тайёр намудани асбобҳои биринҷӣ арзи вуҷуд дошт. Зиёда аз 5 ҳазор артефакт ёфт шуд.
Тоҷирон тавассути сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинд «Хазинаи Амударё»-ро фурӯхта даромад гиранд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони англис харид шуда, баъд аз чандин сол моли музейи шаҳри Лондон гардидаанд.
Коллексияи хазина ба Бохтари Шимолӣ тааллуқ дорад. Инчунин, мувофиқи таҳқиқоти таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то милод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахш) ба вуҷуд омадаанд. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи Кӯшониён маҳфузанд. Чунки, “Маъбади Окс” муддати дер, тахминан то асри I милодӣ вуҷуд дошт.
Танҳо соли 2006 бо ибтикори раиси вақти ноҳияи Қубодиён М. Исмоилов, ки тариқи ариза аз сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грем Лотен пешниҳоди овардани расмҳои он нигораҳоро карда буд, имрӯз ба мо аксҳои хазина расидаанд.
Тахти Сангин ёдгории беназири аҷдоди тоҷикон буда, омӯзиш ва донистани таърихи он ва «Хазинаи Амударё» барои ҷавонон дар ҷодаи худшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки мардуми ориёӣ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳму нақши муҳим доштаанд.
Аз дидани нигораҳои «Хазинаи Амударё» олимону муҳаққиқон ва бинандагон мафтун мешаванд. Ва яке аз омилҳои тарғибу ташвиқи шаҳрсозии бесобиқаи мардуми тоҷик ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон хоҳад гардид.
Тахти сангин яке аз қисмҳои таърихии минртақаи Мовароуннаҳр дар давраи эллинизм буд, ки он давраро “Трансоксиана” меномиданд. Шаҳркада тахминан 1,5-2 аср арзи вуҷуд намуд. Баъди зардуштон вай бо маданияти юнониҳо омехта гардид.
Дар инҷо маданияти Неолитӣ, яъне асри сангӣ кашф шудааст. Пораҳои олотҳои сангӣ пайдо шудааст ва маълум шудааст, ки мардум дар давраи Неолитӣ зиндагӣ кардаанд. Онҳо дар соҳили дарё зиндагӣ ва шикор мекардаанд. Меъмороне, ки шаҳри «Тахти сангин»-ро сохтаанд, аз илмҳои математика ва геометрия дар сохтмони сангу биноҳо хуб истифода кардаанд.
Аз аввали асри ХХ ҳафриёти А.М. Менделштам – соли 1956, Б.А. Литвинский ва И.Р. Пичикян – солҳои 1976-1977, экспедитсияи Тоҷикистону Олмон бо иштироки осорхонаи Михо (Ҷопон). Дар долони тахт боқимондаҳои гил барои рехтани дегҳои биринҷӣ (дар якеаш хати юнонӣ иборат аз 12 ҳарф), дар ғарби такягоҳи бино боқимондаҳои дахма, мумкин бо хазинаи Амударё алоқаманд аст. (Мкртичев Т.К., Седов А.В. Энсиклопедияи калони Россия).
Зиёда аз даҳ сол ба корҳои бостоншиносӣ дар Тахти Сангин ходими илмии Институти бостоншиносии Олмон Анжелина Дружинина (бо дастури профессор Герман Пансингер) роҳбарӣ менамуд.
Тахти Сангинро дар давраи Юнону Бохтар юнониҳо Оксиана меномиданд. Соли 2007 бостоншиносон як қисми устохонаи оҳангудозӣ – шакли гудозиши деги калонро ёфтанд. Ин аз корҳои оҳангудозии Бохтари қадим шаҳодат медиҳад. Инчунин дар Бохтари қадим аз ченкунии юнонии вазн истифода мебурданд. Ин бозёфт дар намоишгоҳи Маннхаймеи Олмон ба тамошо гузошта буд.
Нақшаи ин шаҳрак мисли нақшаҳои маъбади оташи форсӣ буда, ашёҳои сохтмонӣ аз маводҳои таҳҷоӣ, сутунҳои чорқирраи як тарафаш ба мағзи девор ҷой гирифта, меҳроб ва дигар ҷузъиёти сангӣ мисли ашёҳои эллинистӣ мебошанд.
Бостошиносони фаронсавӣ дар соҳили ҷанубии Амударё, дар резишгоҳи дарёи Кокчадарё (Афғонистон) шаҳраки бутуни юнонии бо номи Ойхонумро кашф карданд. Нигораҳои ёфтшудаи Ойхонум нигораҳои Тахти Сангинро пурра мекунанд. Дар Ойхонум сохтмонҳои эллинистӣ ба мисли театри юнонӣ ва дигар иншоотҳои меъмории эллинистӣ ёфт гардиданд.
Тахти Сангин ёдгори беназири аҷдоди тоҷикон буда омӯзиш ва донистани таърихи он ва «Хазинаи Амударё» барои ҷавонон дар ҷодаи худшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки мардуми ориёӣ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳму нақши муҳим дошт ва доранд. Аз дидани нигораҳои «Хазинаи Амударё» олимону муҳаққиқон ва бинандагон мафтун мешаванд. Ва яке аз омилҳои тарғибу ташвиқи ҳунари бесобиқаи мардуми тоҷик ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон хоҳад гардид.
Дар кишварҳои дигар алоқамандону мухлисони бевосита шинос шудан ба маснуоти гаронбаҳои ин ганҷури оламшумул хеле зиёданд. Дар ҳамин раванд соли 1978 бори нахуст «Хазинаи Амударё» аз Осорхонаи Британияи Кабир берун бароварда шуд. Онро дар Эрмитажи шаҳри Ленинград ба намоиш гузоштанд, вале перомуни соҳиби аслӣ ва офарандагони ин ганҷи бебаҳо сухан ба миён наомада буд. Акнун яхҳои сиёсӣ об шуданд ва ниёгони нодиракори мо ҳамчун эҷодкори бевоситаи он шинохта шудаанд. Моро мебояд. ки дар тарғиб ва омӯзиши ёдгории «Тахти Сангин» ва «Хазинаи Амударё» саҳми ҷиддӣ дошта бошем.
Алимов Д.Х., д.и.т., дотсент
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят, люди стоят и костюм)