Имрӯз 18-уми январи соли 2022 дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ як гурӯҳ донишҷӯёни Маркази фосилавӣ филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо карданд

Имрӯз 18-уми январи соли 2022 дар факултети сиёсат ва идораи давлатӣ як гурӯҳ донишҷӯёни Маркази фосилавӣ филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо карданд.  

Муфассал

ДАРСИ КУШОДА ДАР ФАКУЛТЕТ

Рӯзи 15-уми январи соли 2022 дар дар факултети молиявию иқтисодӣ дарси кушоди Бекмурод Наимов, мудири кафедраи назарияи иқтисод дар мавзуи “Истеҳсолот шакл ва омилҳои он” бо донишҷӯёни ихтисосҳои молия ва қарз ва кори бонки доир кард.  

Муфассал

ҲАЁТ ВА ФАЪОЛИЯТИ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Имрӯз 18-уми январи соли 2022 дар Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудвввар дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти Ҷалолуддини Балхӣ” бо иштироки донишҷӯёни бахши Маркази фосилавии факултети филологияи тоҷик доир гардид. Раҷабалӣ Худоёрзода, директори Маркази илмӣ – таҳқиқотии “Мавлоношиносӣ” баромад намуда зикр гардид, ки Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ фарзанди…

Муфассал

ОМӮЗИШИ КУРСИ 10 РӮЗАИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИНФОРМАТСИОНӢ

Имрӯз дар факултети математика ва информатика асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши рушдди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва барои баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон ва омӯзгорон дар давоми таътили зимистона курси омӯзишии истифодаи технологияи нави муосир (тахтаи электронӣ, видеопроектор…

Муфассал

ИЛМ ОМӮХТАН ҲЕҶ ГОҲ ДЕР НАМЕШАВАД,

-мегӯяд Ғуломҳайдар Искандаров, донишҷӯи 76-солаи тоҷик, ки барои гирифтани маълумоти 8-ум дар курси 4-уми гурӯҳи фосилавии ихтисоси географ ва демографи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохрта ба номи Носири Хусрав таҳсили илм дошта, бо ғайратмандӣ, шавқи илмомӯзӣ ва серталабии худ устодону ҳамсабақони ҷавонашро дар ҳайрат гузошт. Бобои Ғуломҳайдар, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи…

Муфассал

Паём – раҳнамои аҳли илму маориф

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли равон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои илму маориф манзур намуданд. Ин ҷо изҳори нигаронии Пешвои миллат аз дараҷа ва сатҳи саводи баъзе аз омӯзгорони соҳа дар шароити кунунӣ хеле бамаврид аст. “Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст,…

Муфассал

ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи омӯзгорони донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав расонида мешавад, ки дар шуъбаи фосилавӣ, гурӯҳи 201-уми факултети математика – информатика дарси намунавии устоди кафедраи педагогика Қурбонов Файзалӣ дар мавзуи “Тавсифи умумии касби омӯзгорӣ” баргузор мегардад. Соати баргузорӣ 9:50. Хоҳишмандон метавонанд иштирок намоянд.  

Муфассал

ВОХӮРИИ МУФИД

Дируз дар Кохи фарҳангии ДДБ ба номи Носири Хусрав вохӯрии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ бо муовинон, сардорони шуъбаҳо, деканони факултет, мудирони кафедра ва кормандони Маркази фосилавӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ оид ба натиҷаи таълиму тарбия, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва барномаҳои фаннӣ ибрози назар карданд.  

Муфассал