Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ вохӯрии Ҳ. Сафарзода, дотсенти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони шӯъбаи тарбия, ҷонишинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Чорабиниро Х. Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ оғоз намуда, мақсади мулоқотро ба донишҷӯён шарҳ дод.
Ҳ. Сафарзода, дотсенти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ” баромад намуд.
“Терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд, – иброз дошт Сафарзода Х. С.
Дар охир аз ҷониби дотсенти Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд нусха дастурҳои таълимӣ – методӣ зери унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ – террористӣ” ва “Гулчине аз муҳаббати Пешвои миллат” ( дастур барои машғулиятҳои тарбиявӣ ва хештаншиносӣ) ба иштирокчиён тақдим карда шуд.