Дар доираи лоиҳаи “Таҳким ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии насли ояндаи тоҷик оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ”, ки аз ҷониби ташкилоти “Good Neighbors” дар Тоҷикистон “Маркази Технологияхои Иттилоотию Коммуникатсионӣ” барои омӯзгорони донишгоҳҳои олии Тоҷикистон оид ба асосҳои барномасозии Scratch ва Python курсҳои омӯзишӣ ташкил роҳандоӣ гардид.

Аз ДДБ ба номи Носири Хусрав 6 нафар кормандон дар ин курс донишгоҳро намояндагӣ менамуданд.
Лоиҳа дар доираи барномаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос амалӣ гардида, омӯзгорони соҳибихтисос метавонанд баъди омӯхтани курсҳои мазкур дониш, малака ва таҷрибаи андухтаашонро ба шогирдон омӯзонанд.
Айни замон омӯзиши забони барномасозии Scratch ба анҷом расида ва ҳар як омӯзгор бо шаҳодатномаи хатми курс сарфароз гардонида шуд.