Имрӯз 12 -уми феврали соли равон дар факултети филологияи тоҷик маҳфили навбатии “Рӯзноманигорони ҷавон” доир шуд.
Вохӯрии Тоҳир Розиқов, намояндаи радиёи “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон, Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳамрози халқ” бо донишҷӯёни ихтисоси журналист-тарҷумон ва рӯзноманигорӣ бахшида ба 30 солагии иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 солагии Матбуоти тоҷик сурат гирифт.
Нахуст Сангимурод Шарифов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ маҳфилро оғоз намуда, меҳмононро изҳори сипос намуданд.
Ғуломова Сайёҳат, роҳбари маҳфили “Рӯзноманигорони ҷавон” баромад намуд.
Тоҳир Розиқов, намояндаи радиои “Тоҷикистон” зимни суханронии худ аз рафти фаъолияти чандин солаи худ дар соҳаи рузноманигорӣ ба донишҷӯён қисса кард.
Сармуҳарири рӯзномаи “Ҳамрози халқ” Маҳмадалӣ Акрамов, қайд намуданд, ки рӯзномаи “Ҳамрози халқ” метавонад ҷиҳати ҳамкорӣ донишҷӯёне ки дар ин самти рӯзноманигори фаъолият кардан мехоҳанд, бипазирад.
Баъди суханрони байни меҳмонон ва донишҷӯён суолу ҷавоб сурат гирифт ва меҳмонон ба ҳар суоле, ки аз тарафи донишҷӯён дода шуд ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Раҳмоналӣ Раҷабзода,
Маркази таҳлилӣ- иттилоотӣ