Имрӯз бо ташаббуси созмони ҷавонони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба 29-умин солагарди Артиши миллӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ-сипари боэътимоди давлат” доир гардид, ки дар он Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ, Эмомалӣ Набизода, раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, Самандар Раҷабализода, раиси созмони ҷавонони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, Ҳукмиддин Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ баромад намуда ҳозиринро ба 29 солагии Артиши миллӣ муборак бод намуд.
Баъдан Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва фарҳангшиносӣ доир ба таърихи таъсисёби ва барқароршавии Артиши миллӣ баромад намуда ба ҳозирин таҳкит ба амал овард, ки Артиши миллӣ дар як вазъияти мураккаби сиёсии мамлакат ташкил ёфтааст.
Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Э. Набизода дода шуд, ки мавсуф доир ба ҷалби ҷавонон ба саффи қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуда зикр намуд, ки ҷавонони моро мебояд дар ҳифзи марзу буми мамлакат тамоми кӯшишу ғайрати худро сафарбар намоянд.
Сипас, донишҷӯён С. Хоҷаев, Г. Умаров ва Карашмаи М, бо забонҳои русӣ ва англисӣ баромад намуда доир ба муҳимият, устувори ва пойдор нигоҳ доштани Артиши миллӣ суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар донишҷӯёне, ки дар “Викторинаи саволу ҷавоб” аз фанҳои ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ дар хобгоҳи донишгоҳ иштирок намуда ғолиб баромада буданд ва як қатор донишҷӯёни факултет, ки нимсолаи аввали соли хониши 2021-2022-ро бо баҳои аъло ҷамъбаст намуда дар ҳама чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ иштироки фаъолона дошта буданд бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
и ещё 2
Махмадкарим Шарипов, Давлатбек Қурбонов и ещё 67
Комментарии: 21
Нравится

Комментировать