Имрӯз 22-02-2022 дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ маҳфили навбатии «Низоми андоз» дар мавзуи “Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ” доир гардид, ки дар он мудири кафедари андоз ва андозбандӣ, омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Нахуст, бо сухани ифтитоҳи Бахтовар Файзуллоев, роҳбари маҳфил оғоз гардид.
Аз руйи нақша маърузи Вафо Мирзоев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ дар мавзуи “Низоми андоз дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ” шунида шуд.
Мавзуъ тариқи слайд омода ва пешниҳоди иштирокчиён ва аъзоёни маҳфил гардонида шуд.
Зимни баромади хеш донишҷӯ Вафо Мирзоев ёдовар шуд, ки минтақаи озоди иқтисодӣ– яке аз минтақаҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ, кушодани роҳои нав барои фаъолияти молиявии хоҷагии халқ, инчунин фазои муфид барои пешрафти иқтисодӣ, илми техникӣ, экологӣ ва тарақиёти соҳаи иҷтимоӣ бояк қатор ҳуқуқу уҳдадориҳои иловагӣ, буҷавӣ, системаи андоз ва органҳои идоракунандаи маҳаллӣ вобаста мебошад.
Бинобаринин тартибот одатанон имтиёзҳо бароиба вуҷуд овардани амалиётҳои савдои (то дараҷаи барҳам додани боҷу хироҷӣ гумрукӣ), имтиёзҳои андоз, имтиёзҳои молиявӣ, хизматрасонии камуналӣ ва дигар имтиёзҳоаз тарафи роҳбарият барои сабук гардондани фаъолиятиин ё он ташкилот расонида мешавад.
Дар ин замина гуфта шуд, ки низоми андозбандии фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ тартиб ва шартҳои андозбандии фаъолияти субъектҳои минтақаи озоди иқтисодиро, ки дар қитъаҳои алоҳидаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҷавобгӯи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳанд, муқаррар менамояд.
Молҳои хориҷӣ ва ватании ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ воридшаванда аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо таҳти назорати мақомоти гумрук, бо шартҳои муайяннамудаи низоми гумрукии «Минтақаи озоди гумрукӣ» пурра озодкарда мешаванд.
Дар охир ба Вафо Мирзоев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ аз ҷониби маъмурияти факултет барои баромади пурмуҳтаво ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ китоби “Девони Камоли Хуҷандӣ” тақдим гардид.
Муҳаммадҷон Наботов,
котиби маҳфил