Дирӯз дарси таҷрибаомӯзони курсҳои 3-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, зери роҳбарии омӯзгор С. Боймуродов дар МТМУ №8-и шаҳри Бохтар, миёни хонандагони синфи 7-ум баргузор гардид.

Дарсро таҷрибаомӯз Ҷумахон Назаров ҳусни оғоз бахшид. Дарси мазкур мавзуи “Маликушшуаро Муҳаммадтақии Баҳор”-ро дар бар гирифта аз фаъолияту зиндагиномаи эшон баҳри хонандагони муассиса шарҳ дод.

Дар охир роҳбари таҷрибаомӯзон С. Боймуродов ба шогирдон оид ба мустаҳкамкунии дарс, пешниҳоди мавзу маслиҳатҳои судманд доданд.

Раҳмоналӣ Раҷабзода,

Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ