Бо ибтикори факултети таърих ва ҳуқуқ мизи мудаввар бахшида ба 29-ум солгарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст сухани ифтитоҳии Тоҷиддин Исозода, декани факултет шунида шуд.
Сипас, Давлаталӣ Алимов, профессори факултет дар мавзуи “Аз таърихи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Файзиддин Наботов, номзади илмҳои таърих баромад намуданд.
Дар мизи мудаввар аз ҷониби донишҷӯён қироати шеър дар васфи Ватан шунида шуд.
Дар охир, ба якчанд донишҷӯёни фаъол Ифтихорнома ва китоби “Тоҷикон” тақдим гардид.