Бахшида ба Рӯзи Модар идораи рӯзномаи «Фурӯғ» дар миёни донишҷўён, магистрантон ва докторантон озмуни қироати шеърро дар мавзӯи «Модар фаришта аст» эълон менамояд.

Озмун рӯзи 3-юми марти соли равон дар Кохи фарҳангии донишгоҳ баргузор мегардад.
Ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби профессорон ва дотсентони кафедраи адабиёти тоҷик интихоб гардидаанд, ба маҳорат, истеъдод ва хониши ифоданоку муассири иштирокдорон баҳогузорӣ менамоянд.
Масъули баргузории озмун нашрияи «Фурӯғ» ва садорати факултетҳои донишгоҳ мебошанд.
Озмун дар арафаи ҷашни Модар ҷамъбаст гардида, ғолибон ба тариқи зайл қадршиносӣ мегарданд:
ҶОЙИ ЯКУМ: 200 сомонӣ (1 нафар);
ҶОЙИ ДУЮМ: 150 сомонӣ (1нафар);
ҶОЙИ СЕЮМ: 100 сомонӣ (2 нафар).
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Возможно, это изображение (1 человек и текст)