Дар факултети химия ва биология дар озмоишгоҳи физиология ва микробиология маҳфили навбатии “Биологони ҷавон”- и назди кафедраи биологияи умумӣ гузаронида шуд.
Дар маҳфил ҳамаи аъзоён иштирок намуда аз руйи ду мавзуъ донишҷӯён баромад намуданд.
Саравал О. Авлиёзода, роҳбари маҳфил, баромад намуда иштирокчиёнро ба рӯзномаи маҳфил шинос намуд.
Сипас донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси биохимияи тиббӣ Ашурова Бибиоиша дар мавзуи “Системаи узвҳои ҳиси одам” тариқи маърузавӣ баромад намуд.
Ҳусейнзода Фазлиддин, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси биология-экология дар мавзуи “Сохти узвҳои дохилии моҳиҳо” тариқи озмоишӣ баромад намуданд.