Дар толори варзишии донишгоҳ бо ташаббуси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ аз намудҳои бандкашӣ ва дастхобонӣ миёни донишҷӯён ва омӯзгорону кормандон ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии мусобиқа М. Шарипов, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ , И. Қодирӣ, мушовири ректори донишгоҳ, иштирок ва баромад намуданд.
Дар мусобиқа 26 даста, бо шумораи 210 нафар омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Мақсади баргузории мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш дар донишгоҳ, таҳкими дӯстӣ ва таъкиди аҳамияти ҷашни Артиши миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мусобиқа бисёр ҷолиб , диданӣ ва шавқовар гузашт. Натиҷаҳои мусобиқа чунин анҷом ёфтанд:
Дар намуди бандкашӣ байни омӯзгорон факултетҳои химия ва биология, педагогика ва варзиш ва молиявию иқтисодӣ сазовори ҷойҳои аввал шуданд.
Пирназарзода М. (факултети сиёсат ва идораи давлатӣ), Шокиров С. (факултети педагогика ва варзиш), Ҷумъаев С. (факултети таърих ва ҳуқуқ) дар намуда дастхобонӣ байни омӯзгорону кормандон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Байни донишҷӯён дар намуди бандкашӣ факултетҳои физика, сиёсат ва идораи давлатӣ ва математика-информатика бо баромади хуб ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.
Дар намуди дастхобонӣ байни донишҷӯён Азизов А. (факултети педагогика ва варзиш), Юсупов С. (факултети сиёсат ва идораи давлатӣ) ва Носиров С. (факултети таърих ва ҳуқуқ) беҳтар баромад намуда, ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.
Ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Иттифоқи касабаи донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд.
Махмадкарим Шарипов и ещё 87
Комментарии: 10
Нравится

Комментировать