Имрӯз, 26-уми феврали соли 2022 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ва муовинони ректор рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он хонандагон аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки дар ин рӯз хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Бохтар, Левакант, Кӯшониён ва Хуросон аз лабораторияҳои химиявӣ, биологӣ, физикӣ, синфхонаҳои лексионӣ, лингафонӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, хобгоҳ, толорҳои фарҳангӣ ва варзишгоҳи замонавии донишгоҳ дидан дидан намуданд.
Аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба довталабон буклет, ки муаррифи ихтисосҳои он аст супорида шуд. Дар ин замина шумораи навбатии нашрияи “Фурӯғ”, ки фаъолияти пурраи донишгоҳро дар бар мегирифт, ба хонандагон тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ 13 факултет ва 45 кафедра амал мекунад, ки аз рўйи 71 ихтисос мутахассис омода мекунад.

Рамзи ДДБ ба номи Носири Хусрав дар Маркази миллии тестӣ 112 аст.

Идомаи боздид ба тариқи суратгузориш ва видео дастраси шумо мегардад
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ