Дар таърихи 2-юми марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки донишҷўдухтароне, ки аз хориҷи кишвар таҳсили илм менамояд, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фатҳуллоев Икромиддин баромад намуда, зикр намуданд, ки маҳз сиёсати дарҳои бози Ҳукумати мамлакат боис гардидааст, ки имрўз донишҷўёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон таҳсили илм менамоянд.
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркменистон, Афғонистон донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯдухтарони хориҷӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, дар чорабиниҳо ширкати фаъол доранд.
Раёсати донишгоҳ барои таълиму тадриси онҳо тамоми чораҳои заруриро андешида, барои ҳавасмандгардонӣ ба 8 нафари онҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо Сипоснома қадр гардиданд.
Mustafo Dustzoda, Давлатбек Қурбонов и ещё 50
Комментарии: 18
Нравится

Комментировать