Дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 110 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони “Рушди ВАО дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок доштанд.

Нахуст, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Дар идома сухани табрикоти Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ба иштирокчиён расонид.
Дар ин замина сухани табрикории Зинатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистонва Баҳром Миров, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон шунида шуд.
Сипас, маърӯзаи сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои рушди матбуоти маҳал” ва маърузаи дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Дилором Маҳкамова, дар мавзуи “Мушкилоти омода кардани мутахассисони соҳаи ВАО” пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Дар ин конфронс ба якчанд омӯзгор ва донишҷӯёни факултет бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Сипосномаи рӯзномаи “Хатлон” ва Сипосномаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав тақдим гардид.
Дар охир, бахши фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси рӯзноманигорӣ доир гардид, ки он иборат аз гуфтаҳои бузургон дар бораи журналист ва журналистика, саҳначаи тарбиявӣ аз фаъолияти журналистон, викторинаи саволу ҷавоб оид ба журналист ва журналистика, рақс ва суруди Ватан, Истиқлол манзури ҳозирин гардонидашуд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ