Дар толори ДДБ ба номи Носири Хусрав конференсияи илмӣ-назариявии вилоятӣ бахшида ба солҳои рушди саноат ва индустрияи сайёҳӣ дар мавзуи “Икониятҳои рушди сайёҳии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо” доир гардид.

Нахуст, Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия конференсияро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас маърӯзачиён Т. Ғаниев, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи “Стратегияи тамаддунсозии корпоративии менеҷменти сайёҳии асри XXI”, М. Маҷнунова, дотсенти кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи сайёҳӣ-омили муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ” ва Шоҳзода Дилшод, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзуи “Рушди соҳаи сайёҳӣ дар вилояти Хатлон” баромад намуданд.
Маркази таҳлилӣ-иттилоотӣ