Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 24-уми феврали соли ҷорӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон вохӯрӣ гузарониданд, ки зимни он нақши ҳалкунандаи соҳаи маорифро дар пешрафт ва рушди кишвар махсусан таъкид намуданд. Дар суханронӣ зикр шуд, ки соҳаи маориф ба рушду такомул ниёз дорад ва зарурати он ба миён омадааст, ки соҳаи мазкур бо тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиро ба роҳ монда, дар ояндаи наздик дастрасӣ ба пешрафт ва комёбиҳои назаррасро таъмин намояд.

Ба мақсади дар амал татбиқ намудани супоришу дастурҳои Пешвои миллат ва таъмини рушду такомули соҳаи маориф мо – аҳли илму маорифи вилояти Хатлон, муроҷиатномаи зеринро ба ҳайси дурнамои соҳаи маорифи вилоят қабул менамоем.

Ҳамкасбони азиз!

Бийёд дар ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ ба хотири рушди соҳаи маориф, камари ҳиммат бандем, барои парвариши кадрҳои баландихтисос, кормандони ҳирфавии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кӯшишу ғайрат намоем, насли наврасро дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия кунем, барои ташкили маҳфилҳои фаннӣ, кабинетҳои фаннӣ ва дониши ҳамаҷониба додан ба онҳо аз тамоми имконоти мавҷуда истифода барем. Барои он саъю талош намоем, ки шогирдони мо дар олимпиадаву озмунҳои дохили кишвар ва берун аз он Тоҷикистонро бо сари баланд муаррифӣ карда тавонанд, одобу ахлоқи баланди тоҷикона дошта бошанд, бо ихтирооту дастовардҳои тозаи илмӣ ифтихори миллату кишвари худ гарданд.

Кормандони муҳтарами васоити ахбори омма ва аҳли зиёи вилоят!

Аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки дар муаррифии омӯзгорони асил, тарғиби таҷрибаи пешқадами муаллимони соҳибмактаб, хонандагони фаъол, дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, мактабҳои намуди нав ва дигар паҳлуҳои соҳаи маориф бо мо ҳамкорӣ намоед. Сухани созандаи шумо ва баланд гардидани мақоми омӯзгор дар ин росто барои бароварда шудани ҳадафи умумии мо, ки пешрафти соҳаи маориф аст, ҳатман муассир хоҳад буд.

Муҳтарам намояндагони ҳизбҳо, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои меҳтарони ҷангу меҳнат, собиқадорон ва ташкилотҳои динӣ!

Мо бо камоли эҳтиром, аз шумо хоҳиш менамоем, ки дар вохӯриву нишастҳо ва суханрониҳои худ қисматеро барои соҳаи маориф ҷудо намоед, зарурати омӯзиши илму фанро ба мардум фаҳмонед, савоби сохтани мактабҳоро, ки насли наврас тавассути онҳо аз нодонию гумроҳӣ наҷот меёбанд, шарҳу тафсир намоед. Зеро, ҳарчанд дар замони Истиқлолияти давлатӣ теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ба 1365 адад расидааст, дар ин миён шумораи хонандагон дар зарфи 30 сол 394 ҳазору 427 нафар афзудааст. Яъне, бунёди ҳамасолаи таълимгоҳҳои нав ногузир ва пураҳамият аст. Бовар дорем, ки тавассути панду насиҳат Шумо рӯҳияи мардумро ба самти маориф гароиши мусбат хоҳед дод.

Кормандони муҳтарами мақомотиҳифзи ҳуқуқ!

Мо саҳми шуморо дар мустаҳкамшавии пояҳои давлатдории навини тоҷикон – эъмори Тоҷикистони соҳибистиқлол, шаклгирӣ, устуворшавии шохаҳои ҳукумат ва таъмини волоияти қонун медонем ва эътироф менамоем. Дар баробари ин, бо эҳтироми баланд хоҳиш дорем, ки дар ҳамкорӣ соҳаи маорифро аз ҳар гуна санҷишҳои пайдарпай ва ҳавсалафарсо муддати муайян озод намоем, бо таваҷҷуҳу ҳамкорӣ имконият фароҳам биёрем, ки омӯзгорон бо дили гарм ва рӯҳияи устувор ба рисолати омӯзгории худ машғул шаванд. Фаромӯш накунем, ки ҳамаи мо парварда ва тарбиятдидаи он шахсонем, ки номи пуршарафи омӯзгорро доранд. Эътимоди комил дорем, ки муроҷиати мо аз ҷониби шумо бо ризоият ва қаноатмандӣ пазируфта мешавад.

Соҳибкорони муҳтарам!

Хидматҳои шумо дар ободонӣ ва шукуфоии ватан бемисл аст. Тақрибан шаҳру ноҳияеро дидан номумкин аст, ки дар он бо сармоягузории Шумо ҷойҳои корӣ фароҳам нашуда бошад, ё сохтмону дигар корҳои ободонӣ ба назар нарасад. Чашми умеди мо аз Шумо ин аст, ки аз таваҷҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф илҳом гирифта, сармоягузориро дар соҳаи маориф бештар менамоед ва дар роҳи расидани маорифи вилоят ба қуллаҳои баланди рушд аз худ ҳиммат ва ҷавонмардӣ зоҳир менамоед.

Муҳтарам намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳамкор!

Мо намояндагони Шуморо барои ҳамкорӣ бо нашрияҳои соҳавии маорифи вилоят ташвиқ менамоем. Навиштаҳое, ки ҷанбаи тарбиявӣ доранд, тавассути ин нашрияҳо ба омӯзгорон дастрас мегарданд ва дар корҳои ҳаррӯзаи онҳо мададрасон хоҳанд шуд. Ин василае хоҳад шуд, ки робитаи кормандони маорифро бо ниҳодҳои дигар таҳким мебахшад. Ин ҳамкорӣ ба баланд рафтани мақоми маориф, ки Пешвои милллат ба он таваҷҷуҳи доимӣ доранд, беасар нахоҳад монд.

Падарону модарони муҳтарам!

Шумо яке аз ду қаноти соҳаи маорифед. Бе кумак ва дастгирии Шумо ба натиҷаҳои дилхоҳ расидани омӯзгорон бисёр душвор аст. Хоҳиши мо ин аст, ки робитаи худро бо мактаб устувор намоед, дар ислоҳи нуқсонҳои мавҷудаи таълимандӯзӣ ва тарбиявӣ саҳмгузор бошед. Биёед, якҷо барои пешрафти соҳаи маориф тамоми зарфиятҳои худро истифода барем ва наслеро тарбия намоем, ки дар оянда номбардори ватану миллат ва волидони худ гарданд.

Мо бовар дорем, ки тамоми ташкилоту муассисаҳои ҳамкор ва сокинони бофарҳанги вилоят бо ин муроҷиатнома ҳамовоз мегарданд ва дар ҳамбастагӣ бо онҳо омӯзгорони вилояти Хатлон баҳри амалишавии ормонҳои миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тамоми дониш, қудрат, маҳорат, малака ва таҷрибаи худро дареғ надошта, рушди бесобиқаи соҳаи худро таъмин хоҳанд кард.


(Муроҷиатнома дар маҷлиси васеи фаъолони вилояти Хатлон 2 феврали соли 2022 қабул шудааст)

Возможно, это изображение (текст «мурочиатнома»)