Шамсуллозода Холназар, солҳои 1999-2004 донишҷӯи ихтисоси иқтисодии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, солҳои 2004-2007 донишҷӯи ихтисоси ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, солҳои 2009-2011 ихтисоси ҳуқуқшиносии ДМТ, солҳои 2011-2012 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Пас аз хатми донишгоҳ солҳои 2007-2019 дар вазифаҳои гуногуни Прокуратураи вилояти Хатлон идои вазифа кардааст.
Шамсуллозода Холназар, ҳамкории худро бо ДДБ ба номи Носири Хусрав аз соли 2014 то 2019 омӯзгор- ҳамкори кафедраи назарияи иқтисод ва молия ва кафедраи фаъолияти бонкӣ фаъолият кардааст.
Дар ин замина, Шамсуллозода Холназар аз 2019 то 16-уми марти соли 2022 дар вазифаҳои мудири кафедраҳои менеҷмент ва фаъолияти гумрук кор кардааст.
Бо тариқи гузариш устод Шамсуллозода Холназар ба вазифаи мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогии донишгоҳ бо фармони ректор гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Раҳматулло Аминов, ки дар вазифаи мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илми-педагогӣ фаъолият мекард ба тариқи гузариш ба вазифаи мудири кафедраи фаъолияти гумрук бо фармони ректор гузаронида шуд.