Имрӯз тақдими дипломи рисолаи докторӣ аз ҷониби Ҳукмиддин Сафарбекзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ ба Баҳрулло Файзализода, мудири кафедари технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика, ки тибқи қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогиро соҳиб гардида буд супорида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Файзализода Баҳрулло дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯйи ихтисоси 13.00.02. – назария ва методикаи омӯзишу парвариш (информатика, таҳсилоти олии касбӣ) дар мавзӯи «Асосноккунии назариявии ташкили методии таҳсили фосилавӣ дар шароити муосири омодасозии мутахассисони босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон» зери мушовирии доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Комилиён Файзалӣ Саъдулло рисолаи илмии худро дифоъ намуда буд.
Ёдовар мешавем, ки таҳти роҳбарии Баҳрулло Файзализода як нафар рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. Дар ин замина чор нафар унвонҷӯён зери роҳбарии устод ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.
Баҳрулло Файзализода муаллифи 81 интишорот, ки аз онҳо 10-тояшро монографияҳо, васоит ва дастурҳои таълимию методии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ ва Шӯрои илмӣ-методии ДДБ ба номи Н. Хусрав тавсияшуда, 34-тояшро мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ банашррасида, аз ҷумла 10-тояш дар алоҳидагӣ ва 37-тои боқимондаашро мақолаҳои дигар нашрияҳо бачопрасида, аз ҷумла дар нашрияҳои шомили пойгоҳи китобхонаи илмии электронии eLIBRARY.ru, маводи конференсияҳои илмии байналмилалӣ (РИНЦ) ва ҷумҳуриявӣ ташкил додаанд.
Маркази таҳлили-иттилоотӣ
Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)