Усулан ҳар рӯзе, ки дар он ёдбуде аз хушӣ ва шодмо­ние барои гурӯҳе аз мардум бошад, аз замони тавлиди Наврӯз боз ҷашн номида мешавад.

Ҷашн аз вожаи ясн ги­рифта шуда­аст. Ин вожа дар забони паҳлавӣ ба сурати «язшен» ва ба маънои ситоиш ва парастиш истифода мешуда­аст. Наврӯз, ки аз решаи кали­маи паҳлавии «нукруч» ё «нук» гирифта шудааст, маънои «Рӯзи нав»-ро медод. Зеро «нук» дар забони паҳлавӣ ба маънои тоза ва зидди кӯҳна истифода мешу­дааст. «Рӯз» ё «руч» бошад, ба маънои вақт ва замон (аз тулӯъ то ғуруби Офтоб) омада буда­аст. Ба ҳар ҳол Наврӯз калимаи мураккаб аст, ки аз вожаҳои «ну­круч» ё «нук» ба миён омада, ба мафҳуми «Рӯзи нав» истифода мешавад.
Меҳрона САЛИМОВА,
донишҷӯи бахши якуми коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (3 человека, люди стоят, цветок и на открытом воздухе)
 
Комментировать