БА ДОНИШ ТАВОН РИШТАНУ БОФТАН
Даврони соҳибистиқлолии кишвар дар пешорӯйи ҷомеаи муосири Тоҷикистон, бахусус Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав масъалаҳои бисёр муҳим ва мубрамро гузошт, ки ҳаллу фасли мусбати онҳо ба ободтару зеботар ва дар арсаи байналмилалӣ обрӯмандтар гардидани Тоҷикистони азизамон мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо бо гузашти вақт донишгоҳ ба маркази илму фарҳанг мубаддал гашта, дар он аз тариқи рӯзона ва ғоибона донишҷӯён ба таҳсили илм фаро гирифта шудаанд. Дар донишгоҳ 13 факултет, 45 кафедра ва 70 ихтисос амал менамояд, ки 36-тои он ихтисосҳои омӯзгорӣ ва 34-тояшон ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ мебошанд.
Коллеҷи омӯзгорӣ ва литсей низ ба сохтори донишгоҳ шомиланд. Дар тӯли беш аз 40 соли фаъолият донишгоҳро бештар аз 50 ҳазор нафар донишҷӯён хатм кардаанд, ки айни ҳол дар риштаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар кору фаъолият карда истодаанд.
Бо мақсади таъминоти соҳаи маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо мутахассисон ва фаро гирифтани кулли фанҳои таълимии омӯхташаванда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ давра ба давра ихтисосҳои нав ифтитоҳ гардиданд. Бинобар талаботи бозори меҳнат донишгоҳ дар соли 2022 ба 5 ихтисоси нав, аз ҷумла 1-020101-таърих (аз рӯи самтҳо), 1-210201 – фалсафа, 1-230106-01- сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсию ҳуқуқӣ), 1-240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ, 1-250103 – иқтисодиёти ҷаҳон ноил гардид.
Гузариш ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ – мувофиқати зинаҳои таҳсилот (бакалавр, магистр, доктор PhD), татбиқи низоми кредитӣ, ҳамоҳангии стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ ба стандартҳои байнамиллалӣ, меҳнатталабии азхудкунии барномаҳои таҳсилотӣ (миқдор ва андозаи кредит), истифодабарии низоми холдиҳии рейтингӣ, меъёрҳои муайянкунандаи сифати таҳсилот ва ғайра имрӯзҳо барои донишгоҳ хеле муҳим мебошанд. Айни ҳол таълим дар донишгоҳ дар шакли дарсҳои маърӯзавӣ, амалӣ, озмоишӣ, КМРО ва кори мустақилонаи донишҷӯён роҳандозӣ мегардад.
Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ ин аст, ки дар асоси дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи ММТ ва дар мулоқот бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҶТ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, инчунин тибқи мактуби ВМ ва илми ҶТ аз 17.01.2014 таҳти №05/1-163 қабули санҷишу имтиҳоноти ҷориро пурра тариқи низоми электронии мушобеҳ ба ММТ назди Президенти ҶТ роҳандозӣ намуд.
Донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ бо теъдоди умумӣ 416 адад ҳуҷра, ки аз он: 162 адад синфхона, 41 адад кабинети таълимӣ, 22 адад озмоишгоҳҳои таълимӣ, 3785 адад миз, 7570 адад курсӣ, 2 кабинети лингофонӣ мебошад. Ҳамчунин дар ихтиёри донишҷӯён ду адад майдонча, 2 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ ба ҳама шароити замонавӣ ва хобгоҳ қарор дорад. Ҳайати омӯзгорони донишгоҳ 762 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 20 нафари онҳо доктори илм, профессор, 165 нафар номзади илм, дотсент, 29 нафар саромӯзгор, 355 нафар омӯзгор ва 213 нафар ассистентон мебошанд.
ДОНИШГОҲ БО ТЕХНИКАИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ МУҶАҲҲАЗ АСТ
Айни замон дар донишгоҳ беш аз 649 адад компютер, 105 тахтаи электронӣ, 134 адад принтер, 70 адад экран, аз ҷумла 6 адад дастгоҳи бузургҳаҷм барои формати А-3, 4 адад сервер ва 3 адад сканери махсус барои коркард ва санҷиши тестҳо мавҷуд мебошад.
Донишгоҳ ба воситаи кабели нурӣ бо шабакаи байналмилалии интернет васл шудааст. Инчунин дар китобхонаи электронии донишгоҳ, ки бо компютерҳои навтарин таъмин карда шудааст, технологияи WiFi (интернети бесим) мавриди истфодаи васеъ қарор дорад.
СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ФАЪОЛАНД
Самтҳои гуногуни фаъолияти тарбиявии донишгоҳро шуъба ва созмонҳои ҷамъиятӣ ба сомон мерасонанд. Фаъолияти шӯрои бонувони донишгоҳ дар раванди таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони оянда назаррас буда, раҳбарии онро Дилором Давлатова ба уҳда дорад. Шӯро фаъолияти худро дар асоси қарори Кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3. 12. 2012 таҳти № 5 «Оид ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» ба роҳ мондааст. Бо ташаббуси шӯрои бонувон дар донишгоҳ ва дар хобгоҳи донишҷӯён мунтазам чорабиниҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Ниҳоди дигари сохтори корҳои тарбиявии донишгоҳ, ки дар тарбияи ҷавонони саҳми босазо дорад, созмони ҷавонон мебошад. Нақшаи созмони ҷавонони донишгоҳ дар асоси Консепсияи миллии тарбия бо назардошти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Бо ташаббуси созмони ҷавонон дар донишгоҳ мунтазам чорабиниҳои гуногуни тарбиявию варзишӣ доир мегардад.
ИЛМУ АМАЛ ҲАРДУ СОЗГОРАНД
Ба сифати устодони ҳамкор ва роҳбарони илмии аспирантону унвонҷӯён фаъолият намудани 32 нафар докторони илм, профессорон ва 19 нафар номзадҳои илм, дотсентон дар пешрафту ташаккули таҳқиқоти илмии соҳаҳои кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ, физика, риёзӣ, информатика, филология ва ғайра назаррас мебошад.
Ҳайати профессорону устодони донишгоҳ дар 45 кафедра муттаҳид шуда, ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию методӣ машғул мебошанд. Имсол корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯйи 45 равия сурат гирифт, ки зиёда аз 70 мавзӯро дар бар мегирад. Олимону устодони донишгоҳ натиҷаи фаъолияти илмияшонро дар 1316 номгӯйи кор, аз ҷумла 422 монография, 61 китоби дарсӣ, дастури методию васоити таълимӣ ва барнома, 182 мақолаҳо дар маҷаллаҳои КАО назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФР, 66 гузориш дар конференсияҳои симпозиумҳои байналмилалӣ, 305 гузориш дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ 643 гузориш дар конференсияҳои вилоятию донишгоҳӣ ва 3 нахустпатент нашр намуданд.
Соли 2021 барои иҷрои се мавзӯи фармоишӣ 9 нафар докторони илму профессорон ва 5 нафар номзадҳои илм, 1 нафар саромӯзгор ҷамъ 16 нафар машғул буданд.
Соли 2021 дар донишгоҳ 51 маҳфил амал менамояд, ки ба онҳо зиёда аз 1268 нафар донишҷӯён аъзо мебошанд. Ба ин маҳфилҳо номзадҳои илм, саромӯзгорон ва омӯзгорони пуртаҷриба роҳбарӣ мекунанд. Кори хуби маҳфилҳо аст, ки пайваста донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки рӯзҳои 7-15 декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир гардид, аз Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Маҳмурод Раҳмонов, 3 нафар донишҷӯёни курси 4-уми факултети филология -Фархунда Шодиева, Моҳинав Аҳмадзода, Сорбон Бобоев, як нафар донишҷӯи курси дуюми шуъбаи ғоибонаи факултети мазкур Шоира Каримова ва ду нафар хонандагони литсейи назди донишгоҳ-Сафиямоҳ Юсуфова ва Шарифзода Маҳмуд фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Дар соли таҳсили 2021-2022 бошад се нафар- Лоиқ Собиров, омӯзгори факултети филология, Афзалшои Сироҷиддин-донишҷӯи соли сеюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ва Сафиямоҳ Юсупова-хонандаи синфи чоруми литсейи назди донишгоҳ ғолиби даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардиданд.
Ҳамин тариқ, иштироки донишҷӯёни донишгоҳи мо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
СОХТМОН ВА АЗНАВСОЗИИ БИНОҲОИ ТАЪЛИМИИ МУОСИР
Раёсати донишгоҳ барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ ва шароити мувофиқ муҳайё намудан барои ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён як қатор корҳои сохтмонию барқароркуниро ба анҷом расонид. Ҳоло бошад корҳои сохтмонию азнавсозӣ дар донишгоҳ идома доранд.
Барои беҳтар кардани шароити таълиму тадрис ва зисти донишҷӯён роҳбарияти донишгоҳ корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст ва тайи чанд соли охир якчанд биноҳои таълимӣ сохта ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар ҳудуди бинои асосии донишгоҳ китобхона ва маркази компютерӣ сохта шуда истодааст, ки дар маҷмӯъ, барои беҳтар кардани шароити таҳсили донишҷӯён кумаки бесобиқа хоҳад буд. Хусусан, китобхона бо толори қироат барои донишҷӯён мисли обу ҳаво лозим аст, чунки имрӯз тамоми толорҳои қироатии дар донишгоҳ мавҷуд буда, аз назари ҳаҷму ғунҷоиш маҳдуд мебошанд, дар толори нав бошад, дар як нишаст бештар аз 300 нафар метавонад ҷойгир шаванд.
Чунин иқдомҳо ҳадди охирин набуда, корҳои созандагиву ободонӣ дар донишгоҳ идома хоҳанд ёфт.
ДОНИШГОҲИ МО-КАФИЛИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ ШУМО - Фараж