Эй ғунчаи интизор, бархез!
Эй сабзаи бемадор, бархез!
В-эй гул, бикушой домани худ,
Эй муждаи навбаҳор, бархез!
Дил буд маро ба ғуссаҳо ҷуфт,
Ногоҳ димоғи шодӣ ошуфт,
Дасташ бигирифту бар дилам гуфт:
-Эй гул, зи миёни хор бархез!
Бигзашт замони интизорӣ,
Дар оғӯши барф беқарорӣ.
Хуршед ба абр кард зорӣ:
-Эй гиряи хандабор, бархез!
Сардӣ бигузашту гарм гардид,
Ҳам рафтани бод нарм гардид,
Ҳангоми видои шарм гардид,
Эй дилбари шармсор, бархез!
Дунё ҳама рангу бӯй гардид,
В-ин хок фариштахӯй гардид,
Пурсабза канори ҷӯй гардид,
Эй хандаи обшор, бархез!
Мардум ҳама интизори Наврӯз,
Дилҳо ҳама беқарори Наврӯз,
Андар қадами нигори Наврӯз,
Бархез, пайи нисор бархез!
Сафармуҳаммад АҲМАД,
мудири кафедраи адабиёти тоҷик
Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и на открытом воздухе)