Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои эронӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ1-уми фарвардин(ҳамал) ё21 мар­ти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди Соли нав» низ меноманд.

Тақрибан 3 ҳазор сол муқаддам пайваста ба инкишофи деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташак­кули Наврӯз бо асотири космогонӣ оид ба табиати муранда дар зимистон ва зиндашаванда дар баҳор вобаста будааст. Дар аҳди Ҳахоманишиҳо ба ҳукми анъана даромада, ба иди расмии эрони­ён табдил ёфт. Аксарияти асотиру ривоятҳои бостонӣ оғози ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Арабҳо баъди истилои Осиёи Миёнаю Эрон кӯшиш карданд, ки ҷашнҳои қадимаю анъанавии халҳои маҳаллиро аз байн баранд. Вале халқ ба тазъиа мамониати ажнабиён нигоҳ накарда, Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Арабҳо ноилоҷ Наврӯзро «Суннати Ҷамшед» номида, ба ҷашнгириаш иҷозат доданд. Ба ивази 7 шин (шакар, шамъ, шарбат, шароб, шинӣ, шир, шона) 7-син ҷорӣ шуд: дастар­хонро бо 7 навъи неъмат, ки бо ҳарфи син шурӯъ мешуд оро медо­данд: сирко, сабзӣ, сумоқ, санҷид, сир, себ ва сипанд. Дар баъзе хонадон ба ҷои сумоқ ва си­панд сабзӣ, суманак ё самбӯса ҳозир мекунанд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои равнақи анъанаҳои бостонии ҳалқи тоҷик шаро­ити мусоид фароҳам омад.
Абдуманнон ҶАББОРОВ,
донишҷӯи бахши панҷуми факултети математика- информатика
Возможно, это изображение (цветок и текст «навруз»)