Устодону шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Наврӯз аз оинҳои босто­нии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебо­ву хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, ос­мону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебах­шад.
Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, бо вуҷуди нобарориҳо ва истилои фоҷиабору харобкоронаи аҷнабиён дар ҳама давру замонҳо бо ифтихори беан­доза ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирифт.
Дар давраҳои минбаъ­да, аз ҷумла дар замони Каёниён, Сосониён ва Со­мониён Наврӯзи Аҷам ба худ мақоми умумимиллӣ касб карда, бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор на­мудани пояҳои давлатдо­рии онҳо мусоидат намуда­аст. Бинобар ин, Наврӯз бо ҳама расму суннатҳояш дар шарёни мардуми мо зинда монд ва ҳатто баъди исти­лои сарзамини аҷдодии мо аҷнабиён, ки рӯҳи миллии гузаштагонамонро ши­каста натавониста, онро бо номи аслияш, яъне Наврӯз пазируфтанд. Аз ин нукта, Наврӯз баёнга­ри тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сириш­ти ахлоқӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии милла­тамон буда, дар тӯли мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии моро дар таркиби худ ҳифз кар­дааст.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми мост, ки Наврӯз ҳамчун иди баҳор, эҳёи табиат ва фарорасии соли нав ба таърихи бисёр халқу миллатҳои ҷаҳон ворид гашта, ҳаёти онҳоро рангу таровати тоза бахшида­аст. Ҳоло иди Наврӯз дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрону Афғонистон, Тур­кия ва бархе аз мамолики арабӣ бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мегардад. Имрӯз дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон ин суннати деринаи аҷдодонамонро мардуми кишвар ба таври васеъ ҷашн мегиранд.
Аз рӯи анъанаи дерин дар остонаи иди мубораку фар­хундаи Наврӯз ҳар як фард ботини худро аз кинаву куду­рат пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю оро­ста менамоянд. Тибқи таомули қадима хонаҳоро сафед меку­нанд, то бахти сафед ҳамеша ёрашон бошад; дастархон меороянд, то файзу баракат аз хонадонашон канда наша­вад; гул мегардонанд, то гули бахташон шукуфон бимонад; об мепошанд, то ҳама сол се­роб гардад; донаи умед меко­ранд, то файзи хирману ба­ракати ҳосил дучанд афзояд. Муҳимтар аз ҳама дар остонаи иди Наврӯз бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат менамо­янд, ба ятимону бепарасторон кӯмак мерасонанд ва амалҳои неку писандидаро вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш мешуморанд.
Дар маҷмӯъ Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав, қосиди баҳор, мабдаи ҳаёт, эҳёи табиат ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо ме­бошад.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу ному­си он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пеш­гирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки мо ба чу­нин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Мавриде, ки Наврӯзро ҷашн мегирем, гӯё ба асли хеш, ба аҷдодоне, ки солиёни тӯлонӣ Наврӯзро ҷашн гирифта буданд, пай­ванде барпо мекунем, гӯё мерасем ба асолати хеш. Наврӯз ормонҳои гузашта­ву имрӯза ва ояндаро бо ҳам мепайвандад ва барои ҳадафҳои созанда моро роҳнамун месозад.
Бо истифода аз фур­сати муносиб Ҷашни фар­хундапаи Наврӯзи Аҷамро ба ҳамаи устодону шогир­дони донишгоҳ ва ба тамо­ми мардуми саодатманду соҳибфарҳанги Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар хонадон иқболи нек, рӯзгори осуда ва файзу баракати наврӯзӣ та­манно менамоям.
Бигузор Наврӯзи имсола барои ҳар яки Шумо бахту са­одат, файзу баракат ва иқболу комёбиро армуғон биоварад.
Наврӯз муборак, устодо­ну шогирдон ва ҳамкасбони арҷманд!
Возможно, это изображение (1 человек, сидит и костюм)