Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай на­муда, аз чанги душ­манону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони мо расида­аст.

Моро мебояд, ки бо мероси аҷдодони худ бифахрем, чунки дар тӯли қарнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офату газандҳо, фишоро­варию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Новобаста ба ин, миллати куҳанбунёд таво­нист, дубора Наврӯзро зинда кунад ва ҳатто ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Наврӯзе, ки сарсабзӣ мео­рад, имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Наврӯз расму оинҳои худро до­рад ва аз рӯзгори пешин то ин замон бисёре аз онҳо ба мо ра­сидаанд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-22-23-юми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукӯҳ бо тамоми расму оин таҷлил кар­да мешавад.
Моҳинав АҲМАДЗОДА,
магистри соли аввали факултети филология
Возможно, это изображение (цветок)