Китоби мазкур ба қалами Муродиён Зокир Ҳасан, омӯзгори кафедраи педагогикаи мансуб буда Шӯрои илмию дастурдиҳии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба чоп тавсия додааст.
Китоби мазкур самари таҳқиқ ва таҳлили чандсола (2019-2021)-и муаллиф буда, аввалин китобест, ки дар хусуси ёдгории қаблазисломии “Ҳаждаҳғора”-и Айваҷи ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст.
Муаллиф умдатан ба аҳамияти таърихӣ, мансубияти замонию динӣ, ҳифз ва нигоҳдории ин ёдгорӣ таваҷҷуҳ кардааст. Ба хотири муаррифии беҳтар ва бештари ин мағораҳои қадимӣ фишурдаи матн ба забонҳои русӣ ва англисӣ баргардон шудааст.
“Ҳаждаҳғора Айваҷ” барои ситифодаи пажӯҳишгарон, омӯзгорони фанни таърих, донишҷӯён, дӯстдорони таърихи қадим, фарҳангшиносон ва сайёҳон пешбинӣ шудааст.
Возможно, это изображение (книга и текст «муродиён зокир хасан хаждахгораи айвач»)