Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳидкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ ёд мешудааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд.

Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дуру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадах­шон, то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва аз Қафқоз, то рӯди Синд ва минтақаҳои халиҷи Форс сукунат доранд. Вале ҳар кадоме аз миллатҳои мухталифи дар ин иқлимҳо сукунатдошта маросими хоси худро барои ҷашн гирифтани Наврӯз доранд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо ин ҷашнро бо забони соҳибони аслиаш «Наврӯз» меноманд ва фаро расидани онро ҳамчун рӯзи аввали баҳор ме­шиносанд.
Мардуми Тоҷикистон дар айёми иди Наврӯз хонаҳои худро ба­рои он ки гарде аз соли кӯҳна боқӣ намонад, тозаю озода мекунанд. Дар ин сарзамин пухтани суманак, қалама, кулча ва хӯроку таомҳои гуногуни лазизу хуштамъи хос ба иди Наврӯз ҷузъҳои расму русуми ин айём аст. Ҳамчунин баргузории мусобиқот аз қабили гӯштингирӣ ва бузкашӣ низ дар ин айём аз ҷумлаи анъанаи қадимаи Наврӯзист.
Нишонаи БАРОТ,
донишҷӯи соли якуми ихтисоси забон ва адабиёти
коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав
Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и на открытом воздухе)